Васоят
Васоят — яке аз шаклҳои ҳуқуқии ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шахсию молумулкии кӯдаконе, ки бе парастории волидайн мондаанд, инчунин таъмини зиндагӣ, тарбня ва маълумотнокии онҳо мебошад. Тибқи қ. 2 м. 147 Кодекси оила васоят барон ноболиғони то синнн 14-сола муқаррар карда мешавад. Ҳангоми ба кӯдаки ноболиғ таъйин намуданн васӣ вай моҳиятан иҷрои ҳуқуқу уҳдадориҳои волидонро ба зимма мегирад. Васӣ таъминоти кӯдакро аз ҳисоби алименте (мутобиқи м. 84 Кодекси онлаи ҶТ), ки ба фоидаи ӯ пардохта мешавад ва нафақае, ки ба кӯдак бинобар гум кардани парастор таъйин шудааст ва дигар ёрдампулиҳо анҷом медиҳад. Васӣ ҳуқуку манфиати кӯдакро дар муносибат бо дигар шахсон дар мақомоти маъмурӣ ва судӣ ҳифз менамояд. Тибқи қ. 2 м. 147 Кодекси оила ва қ. 1 м. 33 КГ ҶТ васоят нисбат ба кӯдакони то синни 14-сола муқаррар шудааст.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 119-120