Вақти кории нопурра

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Вақти кории нопурра - созиши байни корманд ва корфармо чи ҳангоми қабул ба кор ва чи минбаъд рӯзи нопурра ва ё ҳафтаи нопурраи кор бо пардохти музди меҳнат мутаносибан ба ҳаҷми истеҳсол ва ё мутаносибан ба вақти кор муқаррар карда мешавад. Корфармо вазифадор аст, ки дар ҳолатҳои пешбинӣ намудаи Кодекси мазкур ва асноди дигари меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат вақти нопурраи корро муайян намояд. Ҳангоми ҷорӣ намудани низоми вақти нопурраи кор давомнокии вақти корӣ наметавонад аз нисфи меъёри моҳонаи вақти кор ва музди меҳнат аз андозаи ҳадди ақали муқаррар намудаи қонун камтар бошад. Вақти нопурраи кор боиси маҳдудияти давомнокии рухсатии ҳарсола, ҳисоби собиқаи корӣ ва дигар ҳуқуқҳои меҳнатӣ намегардад.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳуқуқэҷодкунӣ

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 117-118