Jump to content

Ваҳшатии Кошонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ваҳшатӣ)
Ваҳшатии Кошонӣ

Хоҷа Ҳусайн Ҷӯшиқонии Кошонӣ (форсӣ: خواجه حسین جوشقانی کاشانی‎, мутахллис ба Ваҳшатӣ, форсӣ: وحشتی ‎; ? — 1603, Шероз) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зодгоҳаш маҳаллаи Ҷӯшиқони Кошон. Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, барои такмили дониш ба Шероз рафтааст. Ваҳшатӣ завқи шеъргӯиро аз хурдӣ дар замири худ парварида, сипас дар Шероз дар маҳфилҳои адабии шуарои замон онро такмил додааст. Мувофиқи маълумоти Авҳадӣ, Ваҳшатӣ инсони «бағоят олитабиат ва хушшеър аст, яккабайтҳои баланд аз ӯ суруда». Ваҳшатӣ дар анвои адабӣ бештар ба рубоӣ, дубайтӣ ва қитъа таваҷҷуҳ доштааст. Мавзӯи асосии эҷодиёти Ваҳшатӣ ишқ, сӯзу гудози маъшуқ, фироқу висол ва ғ.

Ин абёт аз ӯст:

Ҳумои васли ӯ гар бар мазорам соя андозад,
Ба сад шавқ аз таҳи хок устухони ман бурун ояд.
Даридам баски бар тан ҷома дар ҳиҷрон пас аз мурдан,
Гули ҳасрат гиребончок аз хокам бурун ояд.
Агар гумгаштагони ишқро ҷӯянд дар маҳшар,
Зи мулки бенишониҳо нишони ман бурун ояд.

Намуд аз дур чашми кофири ӯ нӯги мижгонро,
Бурун овард аз пои дили мо хори муғелонро.
Буте дорам, ки гар дар об афтад акси рухсораш,
Зи оташ рӯй бартобад дили оташпарастонро.