Ваҷаб
Ваҷаб — андозаи қадимии тоҷикӣ, фосилаи миёни ангушти бузург ва ангушти кӯчаки даст, дар ҳоле ки тамоми ангуштҳо боз бошад[1], тақрибан баробари 19 — 23 см.
Ковишҳои бостоншиносӣ тасдиқ мекунанд, ки низоми андозагирӣ бо ваҷаб қадимӣ буда, баробари дигар андозаҳои дар асоси узвҳои бадани инсон ташаккулёфта (ангушт, газ, қадам, қулоч, пай) мавқеи намоёнро ишғол мекард. Ваҷаб то миёнаи асри 20 дар корҳои рӯзгор ва сохтмон васеъ истифода мешуд. Ваҷабнамудҳои хурдтар низ дошт: «дупешлик» — масофа аз охири ангушти калон то охири ангушти ишора (сабоба), баробари 18-19 см; «дупаслик» — масофаи байни нӯги ангушти ишора ва охири ангушти хурд, баробари 16-17 см. Ин навъҳои ваҷаб аз маъмултарин андозаҳои хурди дарозӣ дар навоҳии Кӯлоб, Қаротегин ва Дарвоз буданд. Деҳқонон аз ин андозаҳо ҳангоми сохтани асбобу анҷоми кишоварзӣ (чигина, мола, бел, курчак, таноб ва ғ.), занон барои буридану дӯхтани либос, кашидадӯзӣ, кӯрпадӯзӣ, ҳунармандон ҳангоми кандакорӣ, нақшбандӣ зиёд истифода мекарданд. Ваҷаб дар ғарби Бадахшон визед номида шуда, намудҳои гуногун дошт.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги форсии Ъамид. Ваҷаб чист? Маънии ваҷаб(тоҷ.). vazhaju.tj. Вожаҷӯ. 10 ноябри 2022 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ваҷаб / М. Холов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- Андреев М. С. Таджики долины Хуф. В. II. Сталинабад. 1958;
- Рахимов М. Р. Земледелие таджиков бассейна р. Хингоу в дореволюционный период. Д., 1957.