Ваҷеҳии Ахсикатӣ
Зоҳир
Муҳаммадваҷеҳ Ваҷеҳии Ахсикатӣ (форсӣ: وجیهی اخسیکتی) — шоири тоҷик (асри 16).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз нисбааш бармеояд, ки дар Ахсикат — пойтахти қадимии Водии Фарғона ба дунё омадааст. Мувофиқи маълумоти «Тазкират-уш-шуаро»-и Мутрибӣ, Ваҷеҳии Ахсикатӣ шахси таҳсилдида, донишманди илми риёзиёт будааст. Бештар ба рубоисароӣ майл доштааст. Дар рубоиёташ таъсири Умари Хайём ҳис мешавад:
Хоке, ки сиришта шуд ба меҳнат, гили мост,
Даште, ки гиёҳи ғам дамад, манзили мост.
Кӯҳест зи бори ноумедӣ тани мо,
Баҳре, ки муҳити ғусса бошад, дили мост.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ваҷеҳии Ахсикатӣ / У. Каримов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.