Jump to content

Ваҷеҳуддин Масъуд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ваҷеҳуддин Масъуд
Даргузашт 1344
Фарзандон Лутфуллоҳ ибни Масъуд

Ваҷеҳуддин Масъуди Боштинӣ (ҳукмронӣ 1337—1344) — дуввумин амири Давлати Сарбадорон, ки баъди кушта шудани Абдурраззоқи сарбадорӣ ба сари қудрат омад.

Ваҷеҳуддин бо пуштибонии Шайх Ҳасани Ҷурӣ шаҳрҳои Сабзавор, Ҷом ва Нишопурро аз тасарруфи муғулони элхонӣ озод карда, дар муҳорибаи назди д. Атрак лашкари Туғотемурхонро шикаст дод. Ин муваффақияти Ваҷеҳуддин дар Хуросон норозигии раҳбарони давлати Куртҳои Ҳиротро ба миён оварда, Муизуддини Курт ва Туғотемурхон бар зидди давлати Сарбадорон иттиҳод бастанд. Дар муҳорибаи Зова (19.7.1342) дар ибтидо Ваҷеҳуддин ба неруҳои низомии муттаҳид ғолиб омад, вале баъди кушта шудани Шайх Ҳасани Ҷурӣ шикаст хӯрда, ба Сабзвор ақиб нишаст. Бо вуҷуди ин Ваҷеҳуддин муборизаи худро бар зидди бозмондагони неруҳои ҳарбии Туғотемурхон дар Мозандарон идома дода, баъди забти Сорӣ ва Омул аз ҷониби ҳокими Рустамдор — Малик Ҷалолуддавла Искандар ба қатл расид (1345). Баъди фавти Ваҷеҳуддин сарварони Сарбадорон ҳамчун ҷонишинони Ваҷеҳуддин танҳо лақаби амир доштанд.