Ваҷҳи дин
Нависанда | Носир Хусрав |
---|
«Ваҷҳи дин» (форсӣ: وجه دین), «Рӯи дин» — асари маъруфи Носири Хусрави Қубодиёнӣ дар шарҳи ибодат ва аҳкоми шариати исмоилия.
Худи муаллиф дар бораи таълифи китоб мегӯяд: «Воҷиб дидем бар хештан ин китобро таълиф кардан бар шарҳи бунёдҳои шариат аз шаҳодат ва таҳорат ва намозу рӯза ва закоту ҳаҷ ва ҷиҳоду вилоят ва амру наҳй ва ном ниҳодем мар ин китобро «Рӯйи дин», аз баҳри он ки ҳамаи чизҳоро мардум ба рӯй тавонад шинохт ва хирадманде, ки ин китобро бихонад, динро бишносад ва бар шинохта кор кунад ва музди корро сазовор шавад ба хушнудии Эзади таъоло».
Соли таълифи «Ваҷҳи дин» дақиқан маълум нест, вале азбаски дар он аз «Зоду-л-мусофирин» ёд шудааст, бояд тахмин кард, ки Носири Хусрав онро баъд аз таълифи китоби мазкур (1061) навиштааст. «Ваҷҳи дин» то замони зиндагии шарқшиноси олмонӣ Ҳерман Эте (1844–1915) дар илм аз ҷумлаи осори гумшуда маҳсуб меёфт. Солҳои 20 садаи XX дар баробари нашр шудани баъзе асарҳои Носири Хусрав, аз ҷумла «Ваҷҳи дин» ҳам аз рӯйи дастхатти бадастовардаи И. И. Зарубин мавриди таҳқиқи ҷиддӣ қарор гирифт. Тақизода дар аснои иқомат дар Русия (1930) аз он акс бардошт ва ба Берлин бурда, бо мадади Э. Браун онро чоп кард. Роҷеъ ба фасли ёздаҳуми «Ваҷҳи дин», ки муҳимтарин қисмати китоб маҳсуб меёбад, профессор А. Семёнов мақолаи пурмуҳтавое навишт. «Ваҷҳи дин» баъзе андешаҳои фалсафии Носири Хусравро, ки дар «Ҷомеу-л-ҳикматайн» аз онҳо зикр рафтааст, фарогир бошад ҳам, бештар аз мавзӯоти фиқҳӣ ва мазҳабии исмоилия иборат аст. «Ваҷҳи дин» шарҳест аз китобҳои «Даоиму-л-ислом»-и Қозӣ Нуъмон, «Асосу-т-таъвил» ва «ал-Маҷолису-л-муайядия» ва ҳамчунин ба таври мухтасар аз «Зоду-л-мусофирин» барои мутолиаи умум. Носири Хусрав дар ин китоб аз зикри бархе истилоҳоти исмоилӣ парҳез ва аз ном бурдани баъзе номҳои аносири фотимӣ сарфи назар мекунад. Бинобар ин «Ваҷҳи дин» то ба имрӯз дар назди ақвоми дигар ҳам маҳфуз мондааст.
Масъалаҳое, ки дар китоб мавриди баҳсу матраҳ қарор гирифтаанд, ҷамъан 28 мавзӯанд, бар 51 гуфтор. Дар ин бора муаллиф худ мегӯяд: «Ва бинои гуфторҳои ин китобро бар панҷоҳу як гуфтор ниҳодам ба адади ракаоти намоз (ба шумули фарз, воҷиб ва суннат. – Б. Р.), ки андар шаборӯзӣ бар мардум воҷиб аст, то ба илму амал андар шариат аст ва таъвил, нафси мардум раста шаванд. Носири Хусрав, ки худ шахсе буд аз доираи ҷаҳлу ҷаҳолат берун ва ситезанда бар ҳар навъ низоъ, инсондӯстиву одамгарӣ ва дӯстиву рафоқату ваҳдати байниҳамдигариро аз беҳтарин хислатҳои одамӣ дониста, тафовутҳои масаливу рамзии байни инсонҳоро канор мегузорад: «Ва ихтилоф андар халқ афтода аз ҷиҳати масалҳову рамзҳо, ки андар китобу шариат, ки аз он мардум мутаҳайиру беҳуш гаштанд, ҳамчунон, ки аз хӯрдани хамр беҳуш шаванд... Маънии ҳамаи китобҳо (кутуби илоҳӣ. – Б. Р.) ва таълифи шароеъ яке бувад, ҳарчанд гуфторҳову кирдорҳо ва лафзу шакл мухолифи якдигар бувад.... Ва чун касе гуфтору эътиқод ва кирдори хешро аз омезишҳо покиза кунад, дини холис ӯ дошта бошад». Тавре аз гуфтаҳои Носири Хусрав бармеояд, ӯ самиман ва сидқан саъй дошт, ки на танҳо мардуми як дину ойин, балки мардуми тамоми дунё бо ҳамдигар дӯст, ҳамфикру ҳамраъй гардида, аз бадгӯйӣ ва таҳқиру таъқиби якдигар барҳазар бошанд: «Агар касе гӯяд, бисёр мардум ҳамебинем, ки эшон басалоҳанд ва Қуръон андар миёни эшон нест, чун румиёну русиён ва ҳиндувон ва ҷуз он, ҷавоби ӯро гӯем, ки гурӯҳе, ки мар эшонро султоне ҳаст, бибояд донист, ки андар миёни эшон Китоби Худой ҳаст ва китобҳои Худой ҳама Қуръон аст, бе ҳеч хилоф. Ва он чи нодонон мар онро хилоф донанд миёни Таврот ва Инҷил ва Қуръон, ба маънӣ ҳеч хилоф нест, магар ба зоҳири лафзу масал ва рамз хилоф аст. Пас миёни румиён Инҷил аст ва миёни русиён Таврот аст ва миёни ҳиндувон Суҳуфи Иброҳим аст».
Муҳимтарин андеша дар «Ваҷҳи дин» он аст, ки муаллиф тавассути масалу рамзҳо ва ташбеҳу истиораҳо ҷиҳати баланд рафтани мартабаву манзалати илму дониш ва маърифату заковат саъй менамояд. Ӯ эътиқоди қавӣ дорад, ки донишмандиву олимӣ инсонро аз дӯзах наҷот медиҳад: «Ва чун донишро биёмӯзанд ва ба илм кор кунанд, аз дӯзах раста ва ба биҳишт расида бошанд... Халқро аз омӯхтан чора нест». Ахиран дар ин бахш ҳаким ба чунин хулоса мерасад: «Ва муъминонро бояд ки ба дониш кор кунанд, то саранҷоми кори эшонро Худои таъоло ва Расул, салла-л-Лоҳу алайҳи ва олиҳа ва саллам, бинанд, то фардо хаҷил намонанд». Мавзӯи дигари муҳимми «Ваҷҳи дин» ягонагии дини Ислом ва фирқаҳои мухталифи он мебошад. Носири Хусрав мекӯшад, ки мазҳабҳоро ба ҳамдигар наздик бикунад ва мардуми ягона ба сабаби рушду нумӯи мазоҳиб аз ҳам ҷудову пароканда нагарданд.
Дар хотима ҳаким ба мардум васият мекунад: «Ва муъминони мухлисро васият он аст, ки чун ин китобро бихонанд, бар хондани ин розӣ нашаванд, балки бар муҷиби таъвилоти ин бираванд ва шариатро ба дониш кор банданд, то нафси ҷузвӣ пайванди олами табиат бошад...».
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Носири Хусрав. Ваҷҳи дин. Д., 2002;
- Ҳамон. Куллиёт. Ҷ. 2. Д., 2003;
- Ибни Қурбон. Дар дуроҳаи фано ва эҳёи миллати қадим. Д., 2007;
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ваҷҳи дин / Б. Раҳматов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.