Веб-форум
Веб-форум — синфи веб-замимаҳо барои ташкили иртибот (муошират)-и муштариёни веб-сайт. Истилоҳ муодили истилоҳи анҷуман аст.
Аксар вақт риояи доираи мавзӯъро модераторҳо ё маъмурон (иштирокчиёне, ки имкони дар фасл ё мавзӯи муайян таҳрир кардан, интиқол ва барҳам додани иттилооти бегонаро доранд, инчунин иртиботи иштирокчиёни қайдшуда ва ё қайднашуда — меҳмононро назорат мекунанд) идора мекунанд. В.-Ф. барои баррасӣ фаслҳои гуногунро пешниҳод менамояд. Дар фаслҳои ҷудогона истифодабарандагон мавзӯъҳои гуногунро пешниҳод ва минбаъд онҳоро дар доираи мавзӯъ баррасӣ мекунанд, овоз медиҳанд, савол дода, ба он посух мегиранд, худашон низ метавонанд ба саволҳо ҷавоб ва ба дигарон маслиҳат диҳанд. Саволҳо ва ҷавобҳо дар хазинаи маълумоти анҷуман нигоҳ дошта шуда, аз онҳо истифодабарандагони В.-Ф. ва дигар истифодабарандагони шабакаи Интернет тавассути суроғаи сомона ё системаҳои ҷустуҷӯӣ истифода бурдан метавонанд. Сохти В.-Ф.: фаслҳо→ мавзӯъ→ иттилоот (паём).
Одатан, паём аз иттилооти зерин иборат аст: «муаллиф-мавзӯъ-мазмун (моҳият)-сана/вақт». Дар форумҳо дастрасии тағйирпазири паёмҳо истифода мегардад. Чунончи, агар дар як форум хондан ва навиштани паёми нав ба муштариён (меҳмонон)-и дилхоҳ дастрас бошад, дар форумҳои дигар аз қайд гузаштан зарур аст (шакли нисбатан маъмул) — ҳар дуи ин форумҳоро кушод меноманд. Шаклҳои омехтаи форумҳо низ мавҷуданд: мавзӯъҳои алоҳида барои ҳамаи муштариён, мавзӯъҳои дигар танҳо ба муштариёни қайдшуда дастрас мебошанд. Форумҳои пӯшида низ вуҷуд дошта, дастрасиро ба ҳар як муштарӣ шахсан маъмурони форум муайян мекунанд. Дар амалия шаклҳои дигари форум низ вомехӯранд, ки дар онҳо як фасл ба ҳама ва фасли дигар танҳо ба гурӯҳи муайяни муштариён дастрас аст. Аз рӯйи усули ташаккули маҷмӯи мавзӯъҳо рӯйхатти форумҳо тағйирёбанда ва доимӣ мешавад. Дар форумҳои рӯйхати мавзӯъҳояшон тағйирёбанда иштирокчиёни одӣ метавонанд дар доираи мавзӯи умумии он зермавзӯъҳо ташкил диҳанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Веб-форум / Л.Тӯйчиев // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.