Веданта

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Веда́нта (санскр. वेदान्त, vedānta, «фарҷоми Ведаҳо») — марҳалаи хотимавии давраи ведӣ — упанишадҳо, системаи нисбатан машҳуру бонуфузи афкори диниву фалсафии Ҳинди Бостон, асоси фалсафии ҳиндуия.

Ба маънои васеъаш — маҷмӯи мактабҳои диниву фалсафие, ки таълимоти браҳма ва атманро мавзӯи баррасӣ қарор додаанд. Дар давраҳои гуногун веданта нуктаҳои алоҳидаи пурва-миманса, санкҳя ва ҳатто буддоия — ҳарифи асосии ғоявии худро истифода карда, дар айни замон ба дигар мутафаккирони ҳиндӣ таъсири зиёд расондааст.

Веданта дар қатори дигар равияҳои ортодоксии фалсафаи Ҳинди Бостон Ведаҳоро соҳиби мақоми олӣ ва мазмуни онҳоро ба ҳайси ваҳй (шрути) манбаи дониши ҳақиқӣ дониста, қоил ба мавҷудияташон то ибтидои олам ва пайдоишашон аз нафаси браҳман аст. Барои ба даст овардани дониши ҳақиқӣ (видя), дониши браҳман (браҳмавидя) риояи чанд шарт лозим аст: дарки тафовути байни ҳастии абадӣ ва ғайриабадӣ; даст кашидан аз ҳама гуна подоши моддӣ ҳам дар дунё ва ҳам дар охират; ноил шудан ба шаш «восита» (оромии рӯҳ, эътидол, узлат, сабр, диққат, эътиқод); кӯшиши озодӣ. Веданта зимни баҳс бо буддоия ва тамоюлҳои тасвиятӣ, плюралистӣ ва нигилистии он ғояҳои баргузидагӣ (танҳо касони мансуб ба кастаи олии браҳманҳо мухлис эътироф мешуданд), монизм ва воқеияти олии браҳманро ҳамчун асоси ваҳдати ҳастӣ тарафдорӣ мекард (Коинот томи ягонаи воқеӣ, «яке бидуни дигаре» мебошад).

Манбаи веданта таълимоти монистии мутааххири ведӣ дар бораи воҳид, пуруша, гармои кайҳонӣ (тапас), офариниши олам ва ғ. (гимнҳои мандалаи охирин, даҳуми «Ригведа») мебошад. Дар таърихи инкишофи веданта се марҳаларо ҷудо мекунанд:

  1. упанишадҳо, ки маънои Ведаҳоро тафсири назарӣ карда, мафҳумҳои асосии веданта (браҳман, атман, пуруша, пракрити, ҷняна, майя ва ғ.)-ро баррасӣ намудаанд. Ба ин марҳала бештар образҳои ҳадсиву шеърӣ хоссанд.
  2. «Браҳма-сутра» ё «Веданта-сутра» мансуб ба Бадараяна (асрҳои 2-3), баъзан Вяса — танзими нисбатан қатъии упанишадҳо (асоснок кардани воқеияти олии браҳман, муносибати ӯ ба олами зоҳирӣ ва ҷони инфиродӣ, инчунин кӯшиши мутобиқати таассуроти динии воҳид бо рангинии зоҳирии шаклҳои ҳаёт).
  3. Тафсирҳои зиёди «Браҳма-сутра» ва баррасии минбаъдаи масъалаҳои веданта Дар ин давра се равияи асосии веданта ташаккул ёфт, ки дар ҳалли масъалаи муносибати браҳман ва атман мухолифат доштанд: адвайта-ведантаи Шанкара (монизми босубот), вишишта-адвайтаи Рамануҷа (монизми маҳдуд), адвайта-ведантаи Мадҳва (таълимоти санавӣ). Дар инкишофи веданта асарҳои Бҳаскара, Ядавапракаша, Ведантадешика, Шрихарша, Нимбарка, Валлабҳа ва дигарон нақши муассир доранд.

Ведантаи босубот (адвайта-веданта) масъалаи пайдоиши олами ашёро аз ҳастии маҳзи браҳман амалан аз доираи таҳқиқ берун месозад. Аммо он равияҳои веданта, ки воқеияти олами ба браҳман вобастаро эътироф мекунанд, мавҷудияти қувваи эҷодкор (шакти)-и сонеи мудракотро дар браҳман имконпазир медонанд (образи Браҳмае, ки аз худ тори падидаву қонунҳои идораи онҳоро метанад). Веданта дар баробари баррасии робитаи мутақобили браҳман ва олам ҷони инфиродӣ, «Ман»-ро низ мавриди таҳлил қарор медиҳад. Таносуби мураккаби воқеият ва мавҳумот дар зинаҳои гуногуни ҳолати равонӣ, масалан, дар таълимот доир ба чор ҳолати равонӣ (ҳушёрӣ, хобу хоббинӣ, хоби амиқ, ҳолати таҷридӣ), ки аз сабаби дар зинаи минбаъда рафъ гашта, ба хаёл табдил ёфтани воқеияти собиқ аз ҳамдигар фарқ доранд, ошкор мегардад. Веданта таълимоти таносухро инкишоф дода, муътақид ба даврҳои ҷовидонии рушду аз миён рафтан дар табиат ва эҳёи дубораи рӯҳи инсонӣ аст. Аз рӯйи таълимоти веданта мақсади ниҳоии фалсафа рафъи дарду алам ва таҷдиди ҳаёт аст. Азбаски барои ин танҳо ақида ва имон ба растагорӣ кофӣ нест ва касе бо таҷрибаи мустақим ҳақиқатро шинохтаву ба он даст ёфта наметавонад, бояд рӯ ба таълимоти веданта орад, то бар ҷаҳл пирӯз шавад ва иттиҳоди ӯ бо улуҳият муяссар гардад.

Веданта дар байни ҳамаи системаҳои ортодоксии фалсафаи ҳинд мақоми хосса дошта, равияҳои гуногуни афкори фалсафӣ ва динии асрҳои 19-20-и Ҳиндустон (ба ном ведантаи «интегралӣ»-и Вивекананда, таълимоти Раммоҳан Рой, Гҳош, Рамакришна, Радҳакришнан ва дигарон) тобиши ведантӣ гирифтаанд.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Рашшод М. Фалсафа аз оғози таърих. Ҷ. 1-2. Д., 1990;
  • Ҳазратқулов М. Ориёиҳо ва тамаддуни ориёӣ. Д., 2006;
  • Чаттерджи С., Датта Д. Древняя индийская философия. М. 1954;
  • Радхакришнан С. Индийская философия. Т. 2. М., 1957;
  • Философский энциклопедический словарь. М., 1989;
  • Степанянц М. Т. Восточная философия. М., 2001;
  • آشتیانی جلال الدین. عرفان. گنوستیسیزم. میستیسیزم. بخش سیوم. تهران، 1375 ش.

Сарчашма[вироиш]