Jump to content

Везикулопустулёз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Везикулопустулёз
Везикулопустулёз
eMedicine / 

Везикулопустулёз — илтиҳоби фасодии пӯст, ки стафилококкҳо, стрептококкҳо, пневмококкҳо, қаламчамикроби рӯда ва дигар микробҳо меангезанд.

Бештар дар кӯдакони ширмак ба мушоҳида мерасад. Аломати везикулопустулёз дар пӯст (дар чинҳои зери каш, қадкашак, қисми мӯйдори сар, пушти гардан ва бадан) пайдо шудани обила (1-2 мм; пустула)-ҳои сершумори сурхрангу пуроб аст. Обилаҳо баъди 2-3 рӯз кафида ба захм табдил меёбанд ва тадриҷан карахш мебанданд. Сабаби везикулопустулёз норасида ба дунё омадану вазни кам доштани тифл, серарақӣ, ғизои сунъӣ ва ғ. мебошанд. Кӯдаки беморро шустушӯ дорондан мамнӯъ аст. Ҷойҳои солими пӯстро бо ягон маҳлули гандзудои таъсираш суст тоза кардан лозим аст. Ба обилачаҳо маҳлули спиртию обии рангҳои анилинӣ мемоланд.