Jump to content

Веллеризм

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Веллеризм — истилоҳи соҳаи фолклоршиносӣ, ки аз номи қаҳрамони романи нависандаи англис Ч. Диккенс «Хотираҳои маҳфили Пиквик» — Сэма Веллер (Weller) гирифта шудааст. Ин шахс дар нутқаш зарбулмасалу мақолҳо ва суханҳои ҳикматомезро ба кор мебурд. Ҳамин суханварӣ дар фолклоршиносӣ веллеризм ном гирифт. Нахуст, веллеризм дар фолклоршиносии русӣ қабул гардида буд: аз қабили — "Ба гург Инҷил хондаанд, аммо вай гуфтааст, ки «Зудтар хонед, рама гузашта меравад».

Дар эҷодиёти шифоҳии халқи тоҷик низ амсилаҳои мутобиқи веллеризм ба назар мерасанд, вале ба сабаби умумият доштанашон бо зарбулмасалу мақолҳо онҳо ба ҳамин гурӯҳ дохил гардидаанд. веллеризмҳо дар матн контексти муайян барои тасдиқи фикр, шарҳу тафсири воқеа, баёни мавзӯъ, зебу ороиши сухан, дилнишину ҷаззоб гардидани сухани қаҳрамони асари фолклорӣ истифода мешаванд. Мисолҳо барои веллеризмҳои тоҷикӣ:


«Шайтонро пурсиданд»: «Хок мехӯрӣ?» Гуфта: «Равған дорад?»
***
Бой пӯшад: «Муборак!» Камбағал пӯшад: «Аз куҷо ёфтӣ?»
***
Қунғуз гуфтааст: «Аз ҳама хушрӯ бачаи худам».
***
Душман, ки айб наёфт, — думи сагат каҷ, — мегӯяд.
***
Дилаш, ки нашуд, — бандам орд дорад, — мегӯяд.


  • Раҳимов Д. Фолклори тоҷик. Д., 2009;
  • Быкова Н. Семиотическая структура велеризмов // Паремиологические исследования. Сборник статей. М., 1984;
  • Пермяков Г. Д. Основы структурной паремиологии. М., 1988.