Венгерка
Венгерка — номи умумии чанд навъ сиёҳолу, ки ба шароити иқлими Тоҷикистон мутобиқ карда шудаанд.
Венгеркаи ажаниро дар шаҳри Ажани Фаронса рӯёнидаанд. Дарахташ то 5 м қад мекашад, навдаҳояш сурхи дорчинӣ, муғҷабаргаш калон ё миёнаҳаҷми махрутшакл, нӯгтез. Баргаш байзашакл; думчааш борик, сурхтоб. Гулаш калон, хушбӯй. Мевааш миёнаҳаҷм (22-32 г), тухмшакл, бунафши сурхтоб, холҳои майдаи заргун дорад. Мағзаш сабзи зардтоб, серобу ширин; дар таркибаш 14,6 % қанд ва 0,82 ҷавҳар мавҷуд аст. Донакаш хурд, борики дароз. Дарахташ дар заминҳои ҳосилхез ва намаш муътадил хуб нашъунамо меёбад. Онро аз бехҷаст, баъзан аз донак зиёд мекунанд. Барои гардолуд шудани венгеркаи ажанӣ олуҳои Ренклоди Сабз, Алтан ва Виктория аҳаммияти калон доранд. Ҳар бех дарахташ 60-70 кг ҳосил медиҳад. Аз мевааш, ки охири август пухта мерасад, шарбат, очор, мураббо, мармелад месозанд. Венгеркаи итолиёӣ дар Тоҷикистон аз соли 1965 парвариш мешавад. Дарахташ миёнақад, шохсораш зич. Соли 4-ум самар меорад. Аз ҳар га 80 сентнер ҳосил медиҳад. Мевааш хурд (20 г), моҳи август пухта мерасад; барои ба ҷойҳои дур кашондан ва хушконидан мувофиқ аст. Донакаш дарозрӯя, аз гӯшт нағз ҷудо мешавад. Дарахташ аз ҳашарот сахт осеб меёбад. Гулаш худгардолуд аст; дар сурати бо навъҳои Анна Шпет, Венгеркаи хонагӣ якҷо шинондан ҳосили фаровон медиҳад. Венгеркаи бунафш ба шароити иқлими навоҳии шимолии Тоҷикистон мутобиқ карда шудааст. Дарахташ калон (дарахти панҷсолааш 4-5 м қад мекашад), парешоншох (паҳноии шоху баргаш 3-4 м), танааш ғафс, пӯстлохаш дорчинии кушод. Шохаҳои 2-3-солааш суфтаи хокистарранг буда, холҳои бунафш доранд. Баргаш калони байзашакл, сабзи сиёҳтоб. Гулаш калони сафед. Мевааш (45 г) тухмшакл, кабуди баланд, бо мумпарда пӯшида шудааст. Мағзаш норанҷии кушод, серобу сергӯшт, ширин, хушбӯю хуштаъм. Донакаш (1,5 г) тухмшакл, рангаш дорчинии кушод, аз гӯшташ нағз ҷудо мешавад. Дар ҳамвориҳо, дарёбод, доманакӯҳ ва мавзеъҳои кӯҳӣ нағз месабзад. Ба сармо ва гармо тобовар аст. Онро асосан ба ниҳоли олуча пайванд мекунанд. Бо сиёҳолу, навъҳои олуи «Исполини», «Бертон», «Сам» ва ғайра якҷо шинонда мешавад. Тар мехӯранд, мехушконанд, олуоб, очор, мураббо, шарбат, руб, мармелад, машрубот ва ғайра тайёр мекунанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Венгерка / С. Гулов, Ф. Ӯрунов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.