Венера Диамидовна Гогошидзе
Венера Диамидовна Гогошидзе | |
Таърихи таваллуд | 12 ноябр 1926 (98 сол) |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | филология |
Ҷойҳои кор | Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Ҷоизаҳо | ордени «Нишони фахрӣ»,медали «Барои меҳнати шоён» |
Венера Диамидовна Гогошидзе (тав. 12.11.1926 – ваф. маълум нест), забоншиноси тоҷик, доктори илмҳои филология (1989), профессор.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1952–1946, 1971–1973 ва 1980–1985 декани факултети забонҳои хориҷии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, 1966–1985 мудири кафедраи забони англисии донишкадаи омӯзгории пойтахт, аз 30 декабри 1985 дотсенти кафедраи забони англисии донишкадаи мазкур буд. Соли 1996 бо сабаби аз ҳудуди ҷумҳурӣ рафтанаш бо аризааш аз кор озод карда шудааст. Қобилияти баланди ташклотчигӣ дошт. Солҳои зиёд ҳамчун декани факултети забонҳои хориҷӣ ва мудири кафедраи филологияи англисии донишкадаи омӯзгорӣ кор карда, дар давоми зиёда аз 45 соли фаъолияти омӯзгориаш дар донишкада ҳазорҳо нафар омӯзгорони баландихтисоси маълумоти олидорро аз рӯи ихтисоси забони англисӣ тайёр намудааст. Зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ оид ба ихтисосаш навишта, дар конференсияҳои илмию назариявии ҷумҳуриявӣ ва умумииттифоқӣ бо маърӯзаҳо баромад кардааст.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо ордени «Нишони фахрӣ» ва медали «Барои меҳнати шоён» қадр карда шудааст.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Pages using the JsonConfig extension
- Pages which use a template in place of a magic word
- Зодагони 12 ноябр
- Зодагони соли 1926
- Докторони улуми филология
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Филологони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ