Венесексия
Венесексия (аз вена ва sectio — буридан) — чок кардани сиёҳраг (вена).
Дар сурати имконнопазир будани венопунксия, масалан, ҳангоми амиқ ҷойгир ва нонамоён будани сиёҳраг, венесексия мекунанд. Венесексия барои ба сиёҳраг муттасилу бардавом фиристодани дору мусоидат мекунад. венесексия ҳангоми гемосорбсия низ кор фармуда мешавад. Маъмулан, ҷиҳати беҳиссозии мавзеӣ дар хами оринҷ, бозу, баъзан соқи по (буҷулак) венесексия мекунанд. Ҷойи аз амалиёт каме болоро бо резин баста, маҳлули гандзудо (маҳлули спиртии йод, хлоргексидин ва ғ.) мемоланд. Сипас атрофи ҷойи амалиётро бо дастмолчаи пок пӯшонда, пӯстро ба дарозои сиёҳраг чок мекунанд. Сиёҳраг аз бофтаҳои зери пӯст ҷудо карда мешавад. Баъд ба зери он ду лигатураи кетгутӣ (ресмони ҷарроҳӣ, ки аз рӯдаи бузу гӯсфанд тайёр мекунанд) ё абрешимӣ гузаронда, лигатураи муқобилро гиреҳ мезананд. Аз лигатура дошта сиёҳрагро боло мебароранд ва бо нештар ё қайчӣ девораи онро чок мекунанд; ба сӯрохи сиёҳраг сӯзан ё қастара (катетер)-ро дароварда бо лигатураи дигарӣ мебанданд. Сипас чоки пӯстро дӯхта, бандинаи бесироят мегузоранд. Агар зарурати берун овардани сӯзан ё қастара пеш ояд, пас ҷойи амалиёт гузарондаро 6-12 соат баста мондан лозим аст. Дар сурати мушоҳида намудани нишонаҳои сироят ва флебит сӯзан ё қастараро берун меоранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Венесексия / А. Носиров // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.