Jump to content

Вентили электрикӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Вентили электрикӣ — абзори электротехникӣ, ки ноқилияташ асосан ба самти ҷараёни электрикӣ вобаста буда, дар самти «рост» назар ба самти «акс» як ё якчанд дараҷа зиёд аст.

Ба туфайли ин хосияти худ вентили электрикӣ дар таҷҳизоти ростгари ҷараён васеъ истифода мешавад. Падидаи вентилӣ дар ҳудуди филизз-электролит (вентили электролитӣ), филизз-газ (вентили ионӣ), филизз дар вакуум (вентили электронӣ ё электровакуумӣ), филизз ва нимноқил ё ду нимноқили дорои омезаҳои гуногун (вентили нимноқилӣ) ба амал меояд. Вентили электрикиҳои идорашаванда ва идоранашаванда мавҷуданд. Дар вентили электрикиҳои идорашаванда ноқилият дар лаҳзаи омадани сигнали идоракунанда тағйир меёбад. Дар вентили электрикиҳои идоранашаванда электроди идоракунанда вуҷуд надорад ва онҳо аз вазъи ноқилияташ кам ба вазъи ноқилияташ зиёд тавассути ба вентил додани шиддате, ки аз шиддат ҳангоми пайвастшавӣ бештар аст, мегузаранд. Вентили электрикиҳо ба тавоноӣ (аз даҳяк ҳиссаи Вт то даҳҳо кВт), қувваи ҷараёни ростшуда (аз садяк ҳиссаи А то садҳо А), шиддати корӣ (аз як ҳиссаи В то садҳо кВ), пастшавии мустақими шиддат (аз даҳяк ҳиссаи В то даҳҳо В), шиддати рахнаовари «акс» (аз даҳҳо В то садҳо кВ), вақти пайвастшавию барқароршавӣ, ба ҳаҷму вазн доро мебошанд. Вентили электрикиҳои электронию нимноқилӣ, асосан, барои табдили энергияи электрикӣ дар олоти тавоноияшон кам, масалан, дар таҷҳизоти қабули мавҷҳои радио, вентили электрикиҳои ионӣ дар дастгоҳҳои тавоноияшон зиёд, ҳаракатоварҳои электрикӣ, хатҳои интиқоли ҷараёни электрикии доимӣ ва ғ. истифода мешаванд. Вентили электрикиҳои нимноқилии идорашавандаи тавоно (тиристорҳо) сифатан ба вентилҳои ионии идорашаванда монанд бошанд ҳам, бо нишондодҳои электрикию механикиашон бартарии зиёд доранд ва дар соҳаи энергетикаи барқӣ (электроэнергетика) васеъ ба кор бурда мешаванд. Вентили электрикиро дар автоматика ва таҷҳизоти бетамоси баҳамивазшаванда (коммутатсионӣ) ва муҳофизӣ, дастгоҳҳои сигналдиҳӣ ва воситаҳои техникаи ҳисоббарорӣ барои тасбити нишондодҳо (параметрҳо), амалисозии функсияҳои мантиқӣ ба сифати ҷузъҳои ташаккулӣ, дар техникаи фавқулҳассоси басомад (СВЧ) ва таҷҳизоти қабули мавҷҳои радио ба сифати детектору ростгарҳо истифода мебаранд.