Вергул

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Вергул (,) (фаронс. virgule — ҷудокунанда, бахшкунанда) — яке аз аломатҳои китобат (нигориш) дар забони тоҷикӣ.

Ин аломат дар забони тоҷикӣ замони истифода аз алифбои лотинӣ (1929—1940) роиҷ гардид; пас аз гузариш ба алифбои русӣ (кириллӣ) истифодаи вергул то имрӯз (2014) идома дорад. Дар алифбои арабиасоси форсии тоҷикӣ вергул дар охири асри 19 — ибтидои асри 20 тавассути забонҳои англисӣ, фаронсавӣ роиҷ гардид. Дар забони имрӯзаи тоҷикӣ вергул аломати ҷудокунандаест, ки дар таркиби ҷумлаҳои сода ва мураккаб барои таъйини ҳудуди аъзои ҷумла, калимаҳову таркибҳо, ибораҳо, ҳудуди ҷумлаҳои дохили ҷумлаҳои мураккаб, ҷумлаҳои туфайливу истисноӣ, мухотаб, нидо, ҳиссача ва ғ. ба кор бурда мешавад. Мисолҳо:

  1. ҷудо кардани ҷумлаҳои содаи таркиби ҷумлаи мураккаб: Насими баҳор зулфони Гуландомро ба ҳар сӯ парешон месохт, овози шар-шари об бо савти мурғон аз дур шунида мешуд;
  2. дар ҷумлаҳои мураккаби пайваст пеш аз пайвандакҳои аммо, вале, лекин, балки ва ғ.: Сабзаву себаргаи кӯҳу даман дил мебарад, вале қабои зумуррадгуну хирман-хирман гулҳои зарҳалини қоқуи гӯристон бештар ҷаззоб аст (А. Самадов);
  3. дар ҷумлаи мураккаби тобеъ, пеш аз пайвандакҳои тобеъкунанда, махсусан, пайвандаки «ки» ва баъд аз сифати феълӣ: Тадбири андешидаи ман ин аст, ки бо одамони худ аз ҳамон роҳ рафта, аз деҳаи шириниён гузашта, аз пушти онҳо мебароям (С. Айнӣ);
  4. барои ҷудо кардани аъзои истисноӣ, воҳидҳои туфайлӣ, мухотаб, ҳиссача, нидо: Мо, талабагон, дар шабҳои барф ҳам такрори рӯйисаҳнии худро тарк намекардем (С. Айнӣ); Лекин, мутаассифона, Зариф гоҳе насиҳати падарро фаромӯш мекард (А. Шукӯҳӣ);

Зинда бош, эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман.

Гулназар

Ишқ менозад ба ҳусну ҳусн менозад ба ишқ,
Оре, оре, ин ду маънӣ ошиқи якдигаранд.

Ҳилолӣ

Ало, ай тӯтии гӯёи асрор,
Мабодо холият шаккар зи минқор!

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]