Jump to content

Вернисаж

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Верниса́ж (фр. vernissage — бо лок рӯйкашшуда, айнан сайқалдиҳӣ) — ифтитоҳи ботантанаи намоиши осори рассомӣ дар ҳузури ашхоси махсус даъватшуда (рассомон, ходимони фарҳанг, ҳунар ва ғ.). Номи худро аз одати рассомони Фаронса гирифтааст, ки онҳо дар арафаи ифтитоҳи намоишгоҳ барои омма мусаввараҳои худро бо лок рӯйкаш менамуданд.