Вест-Индия
Қитъа | Амрико |
---|---|
Ҷойгир аст дар назди обанбори | Уқёнуси Атлантик |
Баландӣ аз сатҳи баҳр | 3 087 м |
Масоҳат |
|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Вест-И́ндия (англ. West-Indies, ҳол. West-Indië — «Ҳиндустони Ғарбӣ») — номи умумии ҷазираҳои баҳри Кариб ва уқёнуси Атлас.
Дар байни қитъаҳои Амрикои Шимолӣ ва Амрикои Ҷанубӣ ҷойгиранд. Ҷазираҳои Антили Калону Хурд ва Багамро дар бар гирифта, 3,5 км тӯл кашидааст. Мансуби Амрикои Шимолӣ аст. Ҷазираи бузургтаринаш — Куба. Масоҳати умумиаш 244,8 ҳазор км². Аҳолиаш 42,2 млн нафар (2012), асосан зангиҳо (африкоиҳо), дурагаҳо ва креолҳо. Релйефаш кӯҳистонии ноҳамвор. Кӯҳи баландтаринаш Дуарте дар ҷазираи Ҳаити (3175 м). Вулканҳои амалкунанда ва хомӯшшуда зиёданд (Суфриер, Монтан-Пеле); зуд-зуд заминларза ба амал меояд Аз ҷинсҳои вулкании фурӯравандаи давраи мезокайнозой таркиб ёфтааст. Сарватҳои зеризаминии В. И. фаровон буда, маъданҳои манган, хромит ва оҳан (Куба), асфалти табиӣ, нафт (ҷазираи Тринидад), кони боксит (Ямайка), фосфорит (ҷазираҳои Аруба ва Кюрасао) мавҷуд аст. Иқлимаш тропикии пассатӣ ва муссонии истивоӣ (экваториалӣ). Бӯронҳои шадид мевазанд (август-октябр). Ҳоло дар ҷойи ҷангалҳои тропикӣ заминҳои кишоварзӣ, шаҳракҳо ва маҷмааҳои сайёҳӣ бунёд шудаанд. Ҳарорати миёнаи моҳи январ дар шимол 210С, дар ҷануб 260С Боришоти миёнаи солона 1000—1500 мм. Дар ҳамвориҳо найшакар, қаҳва, тамоку ва пахта парвариш мекунанд. Дар В. И. ҷазираҳои Багам, Барбадос, Ҳаити, Гренада, Доминика, Ҷумҳурии Доминикан, давлатҳои Куба, Сент-Винсент ва Гренада, Антигуа ва Барбуда Сент-Китс ва Невис, Сент-Люсия, Тринидад ва Тобаго, Ямайка, як қатор мулкҳои Британияи Кабир, ИМА, Нидерландия ва Фаронса ҷойгиранд. Х. Колумб зимни кишваркушоиҳояш (1492—1502) ҷазираҳоеро, ки дар онҳо қабилаҳои ҳиндӣ — аравак ва карибҳо зиндагӣ мекарданд, кашф намуда, онҳоро Ҳиндустон шумурд. То ин замон В. И.-ро як гӯшаи Осиё мешумурданд. Баъди он ки аврупоиён Ҳиндустони ҳақиқиро кашф намуданд, барои ҷазираҳоро аз Ҳиндустони Осиё (Ост-Индия) фарқ кардан Ҳиндустони Ғарбӣ (Вест-Индия) номиданд. Аҳолии В. И. намояндагони ҳар се нажоди асосии башар: аврупоӣ, муғул ва истивоӣ (экваторӣ, зангии австралиягӣ)-и бо ҳам даромехта буда, ба забонҳои испанӣ, фаронсавӣ, ҳолландӣ, англисӣ ва шеваҳои маҳаллӣ ҳарф мезананд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вест-Индия // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.