Jump to content

Вибратсия (мусиқӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Вибратсия (лот. Vibratio — ларзиш) — як усули иҷрои асарҳои мусиқӣ, ки аз ларзиши тез ва начандон зиёди баландии пардаи овоз (овози ҳофиз, сози мусиқӣ ва ғ.) иборат аст.

Дар созҳои торӣ ларзиши овоз дар натиҷаи ба ҳаракат овардани ангуштони дасти чап, ки торро пахш мекунад, ба миён меояд. Дар созҳои нафасӣ ларзиши овоз ба тағйироти ҷараёни нафасгирии навозанда вобаста аст. Дар овозхонӣ вибратсия ба садоҳо ранги хосса дода, пурнабзӣ ва таъсирбахшии онҳоро бештар мекунад. Вибратсия мувофиқи амплитуда (вусъати ҳаракат), вақт (муддате, ки дар он ларзиши овоз пурра ба вуҷуд меояд), басомад (шумораи ларзиш дар як с) ва шакл муайян карда мешавад. Теъдоди муътадили ларзиши овоз то 6 лағзиш дар 1 с аст ва зиёд шудани ин меъёр таассуроти ғайрибадеӣ мебахшад. Аз хусусияти вибратсияи садопардаҳо навъу сифати овози сароянда муайян мешавад.