Jump to content

Вибрион

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Вибрион
Vibrio cholerae
Vibrio cholerae
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Vibrio Pacini 1854

Lua error in Модул:Wikidata at line 301: Функция для отображения значения не найдена..

Вибрион (лот. Vibrio) — сардае аз бактерияҳо аз оилаи Vibrionaceae, шомили беш аз 40 гуна.

Дарозиаш 1–5, ғафсиаш 0,3–0,6 мкм. Вибрионҳо дар об, хок ва наҷосати ҳайвоноту одамон зиндагӣ мекунанд. Зиёда аз 100 намуди онҳо маълум буда, ангезандаи бемориҳои гуногун мебошанд. Шаклу андозаи вибрионҳо вобаста ба шароити сукунат тағйир меёбад. Вибрионҳо ба тавассути қамчинак зуд ҳаракат мекунанд; спора надоранд. Маҳлули ишқор ба вибрион таъсир намекунад, вале зери таъсири кислота, маҳлулҳои гандзудо ва хлор зуд маҳв мегардад. Яке аз вибрионҳои маъмулу хавфнок вибриони бемории вабо буда, онро соли 1883 олими олмонӣ Р. Кох аз наҷосати одами гирифтори ин беморӣ пайдо кардааст. Соли 1888 микробиологи шӯравӣ Н. Ф. Гамалея дар хун ва рӯдаи чӯҷаҳои касал вибрионеро муқаррар намуд, ки аз нигоҳи морфологӣ ба вибриони вабо хеле монанд буд (ӯ онро вибриони Мечников номид). Баъдтар дигар вибрионҳои каму беш ба вибриони вабо шабеҳ аз оби кӯлу дарёҳо, панир, балғам, наҷосати одамону ҷонварон ёфт шуданд. Vibrio jejuni ангезандаи исҳоли хунини «зимистонӣ» ва энтерити гову гӯсола ва барраҳо, V. fetus ангезандаи вибриози чорвои калон мебошанд.