Jump to content

Виброметр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Виброметр — абзор барои чен кардани лағзиши (ҷойивазкунии) ҷисмҳои лаппанда.

Виброметри махсусе, ки лағзиши кунҷҳоро чен мекунад, торсиометр ва виброметре, ки ҷузви бақайдгирӣ дошта, равандҳои лаппишро сабт менамояд, виброграф ном дорад. Бо виброметр таҳқиқи васеъи ларзишро, ки аз таҳлили басомад, тағйири таносубҳои фазавӣ ва ғайра иборат аст, мегузаронанд. Виброметр лағзиши ҷисмро аз 0,1 мкм то 1 м ҳангоми аз 10 Ҳс то 20 кҲс будани басомад чен мекунад. Виброметрҳои оптикӣ ва электромеханикӣ мавҷуданд, ки барои таҳқиқи лаппиши таҷҳизоти гуногун, дар зилзилашиносӣ, заминфизик истифода мешаванд.