Виварий
Виварий (vivarium, от лот. vivus — «зинда») — бино ё хонаи алоҳида барои нигоҳ доштан (баъзан парвариш)-и ҳайвоноти озмоишӣ (масалан, муш, гурба, саг, харгӯш) ва дар онҳо ба роҳ мондани таҷриба.
Дар виварий барои нигоҳубини ҳайвонот бояд шароити махсус фароҳам оварда шавад, ки ҷавобгӯи меъёрҳои байторию беҳдоштии институтҳои таҳқиқоти илмӣ, озмоишгоҳҳо, бунгоҳҳо, мактабҳои олӣ ва ғ. бошанд. Виварий аз утоқи қабули ҳайвонот, шуъбаи карантин, хонаҳои нигоҳубини ҷонварон, утоқи ҷарроҳӣ ва дафтари ташхисоти байторӣ иборат аст. Виварий бояд ба қадри кофӣ равшан, шамолрас, дорои оби гарму хунук ва канализатсия бошад. Мушҳо, хукчаҳои баҳрӣ, харгӯшҳо, калламушҳо ва мурғҳоро паси панҷара нигоҳ медоранд; барои сагу маймунҳо хонаи алоҳида, барои гурбаҳо волйер ҷудо карда мешавад. Ба меъёри хурду хӯроки ҷонварон эътибор додан лозим аст. Зарфҳои обу хӯрокдиҳиро шуста гандзудоӣ мекунанд. Саломатии ҷонварон бояд зери назорат бошад. Баъди ба анҷом расидани таҷрибаҳо ҳайвонотро бидуни азоб маҳв месозанд (эвтаназия).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Виварий // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.