Видадофш
Видадофш, Фрададафш — номи ду кишварест дар самти хатти ҳаракати офтоб аз ҷанубтарин нуқтаи қаторкӯҳи Сарикӯли Бадахшон (аз ҷойи тулӯъи офтоб 22 декабр дар Бадахшон), ки тақрибан то резишгоҳи Сурхандарё дар рӯди Ому (ҷойи ғуруби офтоб 22 июн дар ғарби минтақаи Хатлон) фаро мегиранд.
Видадофш аз ҷанубтарин нуқтаи Сарикӯл тақрибан то минтақаи Файзободи Афғонистонро дар бар мегирифтааст, ки бо номи иқлими ҷануби ховарӣ зикр мегардад. Фрададафш дар Авесто номи иқлими ҷануби ховарӣ дониста шудааст. Ин кишвар ба тахминан аз баъзе қисматҳои шимоли Афғонистон ва ҷануби минтақаи Кӯлоби кунунӣ иборат будааст. Дар «Бундаҳишн» омадааст, ки «Аз миён Фрададафшро бешае гирифтааст». Тавре ки маълум аст, дар асрҳои миёна Хатлон бо аспҳояш шуҳрат ёфта буд, ки дар ин бора «Бундаҳишн» мегӯяд: «Аспони нерӯманд ба Фрададафшу Видадафш рафтанд».
Шоир ва донишманд С. Ҳалимшо низ дар «Оби шаҳд» ном асараш Фрадафшро барҷой дар Хатлон ва номи кӯҳ — Фурӯшро дар ноҳияи Муъминобод баргаште аз Фрададафш донистааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Видадофш / М. Ҳотам // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.