Jump to content

Видеокамера

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Видеокамераи Sony EVW-300
Видеокамераи Canon HG10

Видеокамера, камкордер — абзори дастии иборат аз камераи телевизионии ирсолдиҳанда ва видеомагнитофон барои сабти видеоаломатҳо (видеосигналҳо)-и тасвиру садо.

Камераи телевизионии ирсолкунанда механикӣ ё электронӣ буда, тасвири оптикии тавассути объектив дар найчаи ирсолкунанда пайдошударо ба видеоаломатҳо ё сели рақамии видеомаълумотҳо табдил медиҳад. Камераҳои телевизионии механикии нахустин дар миёнаи солҳои 20 асри 20 пайдо шуда, калонҳаҷму сангин ва собит буданд. Видеомагнитофон аз онҳо дар алоҳидагӣ амал мекард. Бо рушди соҳаи электроника (солҳои 40 асри 20) камераҳои телевизионии интиқолдиҳанда сохта шуданд, вале онҳо ҳамоно калонҳаҷму сангин (то 200 кг) боқӣ монданд. Бо васеъ паҳн шудани микроэлектроника дар як дастгоҳ ҷой додани камераи телевизионӣ ва видеомагнитофон имконпазир гардид, ки он видеокамера ё камкордер номида мешуд. Бархилофи дастгоҳи киногирӣ, дар видеокамера сужет баъди ба навор гирифтан билофосила нишон дода мешавад. Видеокамераҳо ташбеҳӣ (аналогӣ) ва рақамӣ мешаванд. Дар видеокамераи ташбеҳӣ тасвир ва садо бо ёрии сигналҳои муттасил тағйирёбанда ба навор (плёнка)-и магнитӣ сабт карда мешавад. Дар видеокамераи рақамӣ иттилооти видеоӣ ва садоиро дар шакли пайдарҳамии гусастаи (дискретӣ, фосиладорӣ) сифр ва ададҳо (яъне, дар рамзҳои рақамӣ) ба ҳомил (навори магнитӣ, схема ё мадори интегралӣ) сабт менамоянд, ки дар натиҷа бо истифода аз компютер монтажу вироиш кардани маводди банаворгирифта имконпазир мегардад. Тасвирҳоро дар қартаҳои махсуси хотираи аксари видеокамераҳои рақамӣ сабт намуда, дар чопгар нусхабардорӣ кардан мумкин аст. Видеокамераҳои маишӣ, касбӣ ва махсус мавҷуданд. Видеокамераҳои маишӣ барои сабти тасвиру садо дар ҳаёти ҳаррӯзаи одамон, касбӣ дар сабтҳои телевизионӣ ва киногирӣ, махсус дар тибб ва дигар соҳаҳо истифода мешаванд.

Мувофиқи қобилияти тафриқаашон видеокамераҳои возеҳияташон стандартӣ ва зиёд (баланд) мавҷуданд. Тафриқ дар видеокамераи ташбеҳии возеҳияташ стандартӣ ба 576 сатр (ҳангоми 25 fps ё PAL) ё 480 сатр (ҳангоми 30 fps ё NTSC) ва дар видеокамераи рақамии возеҳияташ стандартӣ ба 720 х 576 нуқта (ҳангоми 25 fps) ё 640х480 нуқта (ҳангоми 30 fps) баробар аст. Видеокамераҳои возеҳияташон зиёд бо тафриқи 720 сатр (1280х720 нуқта) ва 1060 сатр (1920х1080 нуқта) кор мекунанд. Ба ҳар як намуди видеокамера олати сабткунанда насб шудааст, ки дорои андозаи муайян мебошад ва онро андозаи ҳомили иттилоот меноманд. Видеокамераҳои ташбеҳӣ ба андозаи ҳомили иттилооти Betacam SP/ Betacam SX, Hi 8, Video 8 ва ғ., видеокамераҳои рақамии дорои ҳомили ташбеҳӣ ба андозаи ҳомили иттилооти DV, DVCAH, Digital 8 ва ғ., видеокамераҳои рақамии дорои ҳомили рақамӣ ба андозаи ҳомили иттилооти Blu-ray, CDCAM, HDD ва ғ. доро мебошанд. Ҳомили андозаи флеш-хотира флеш-карта аст, ки ё ба видеокамера ба таври доимӣ насб шудааст ё насбу ҷудо карда мешавад, аз ҷумла флеш-картаҳои HDD, HDV, XDCAM ва ғ. Инчунин андозаи (формати) сабти иттилоот, яъне, андозае мавҷуд аст, ки мувофиқи он иттилоотро ба видеокамера сабт мекунанд. Барои видеокамераҳои ташбеҳӣ ва видеокамераҳои рақамии дорои ҳомили ташбеҳӣ (яъне, барои ҳамаи видеокамераҳое, ки ба фита сабт мекунанд), андозаи сабти иттилоот DV (силсилаи андозаҳои видеокамераҳои ранга дар ҳомилҳои ташбеҳӣ) мебошад. Барои флеш-хотира дискҳои HDD ва DVD андозаи MPEG-2 истифода мешавад. Видеокамераҳои як-, се- ва чорматритсадор мавҷуданд. Видеокамера якҷо бо магнитофони ба таври доимӣ насбшуда, барои васл кардани олати иловагии берунӣ сӯрохҳо низ дорад. Видеокамераҳо бо поя (штатив), аробачаи операторӣ, таҷҳизоти равшанидиҳанда, нурполоҳо ва дигар ҷузъҳо муҷаҳҳазанд.