Jump to content

Видеофилм

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Видеофилм — сабти телевизионии тасвири овоз ва воқеаҳо, намоишҳои театрӣ, суханрониҳо ва филмҳо, намоишҳои идона барои такроран намоиш додан.

Солҳои охир дар бисёр мамлакатҳо такроран ба навори телевизионӣ сабт кардани бисёр асарҳои кино, пйесаҳои театрӣ, намоишҳои эстрадӣ, намоишҳои бисёрнафараи консертҳои ҷашнӣ дар варзишгоҳҳову наврӯзгоҳҳо расм шудааст. Теъдоди видеофилм номаҳдуд аст. Дар айёми мо ҳар кас метавонад соҳиби видеомагнитофон ва видеофилмҳои дӯстдошта бошад. Дар телевизион, маъмулан, воқеоти фавриро видеофилм мекунанд. Лаҳзаҳои филм ва ё намоишномаи консертӣ якбора бо якчанд камера аксбардорӣ ва аз тарафи коргардон дар нуқтаҳои махсус васл (монтаж) мешаванд, ки онро васли электронӣ меноманд. Дар студияҳои телевизионии Душанбе ба видеонавор филм-консертҳо, спектаклҳои телевизионӣ сабт карда мешаванд: «Шуълаи Хуҷанд» (коргардон Ш. Отамбеков), «Ибни Сино» (коргардон М. Ғаниев), «Сиёҳсавор» (коргардон Ш. Қиёмов), «Кадри ҳавоӣ» (коргардон Н. Латифов), «Зани оҳанин» (коргардон С. Ғуломова), инчунин намоишномаҳои «Баҳористон», «Дугонаҳо», «Бӯстон», «Беғараз панд», «Чакомаи гесӯ», «Шомгоҳи артистони балет», новеллаҳои телевизионию минётураҳо аз қабили онҳоянд.