Jump to content

Визиронӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Визиронӣ — дар филмбардорӣ, раванди мушоҳидаи манзара ё чизи аксбардоришаванда дар дастгоҳи филмбардорӣ, аксбардорӣ ё видеокамера. Бо ин мақсад дар дастгоҳҳои мувофиқ манзараҷӯ мавҷуд аст, ки барои муайян кардани сарҳадди кадр ё фосилагирии объектив имкон медиҳад; дар астрономия ва геодезия якҷо кардани афзори зовиясанҷ ва дигар асбоби оптикӣ дар самти нуқтаи аз ҷониби мушоҳидагар интихобшуда ё ҷирми осмонӣ.