Викаллой

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Викаллой — хӯлаи сахти магнитӣ, ки аз кобалт (52-54 %), оҳан (32-45 %) ва ванадий (3-14 %) гудохта мешавад.

То марҳалаи коркарди ҳароратӣ хосиятҳои викаллой ба хосиятҳои механикии мис ва баъди коркард ба хосиятҳои пӯлод шабеҳанд. Хосиятҳои баланди магнитии викаллой барқади деформатсияи сард зоҳир мешаванд. Викаллой барои тайёр кардани магнитҳои доимӣ, ки дар асбобҳои андозагирӣ, магнитҳои хурди таркибашон мураккаб, муҳаррикҳои хурди электрикӣ (дар қисми фаъоли муҳаррикҳои ҳистерезисӣ корбаст мешаванд), ба сифати навори магнитӣ ё сим истифода мегарданд. Норасоиҳои викаллой: вобастагии хосиятҳои он ба коркарди ҳароратӣ ва арзиши баланд аз сабаби истифодаи кобалт ва ванадий.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]