Википедиа:Википедия вожанома нест
Зоҳир
Ин саҳифа сиёсати расмии Википедияи Тоҷикӣ аст. Ин сиёсат мақбулияти густардаи дар миёни вироишгарон дорад ва як меъёр барои вироишгарон ба шумор меравад, ки ҳама бояд аз он пайрави кунанд. Замоне, ки саҳифаеро вироиш мекунед, талош кунед, ки вироиши шумо баёнгари иҷмоъ бошад ва агар мутмаъин нестед нахуст дар саҳифаи баҳс, онро баҳс кунед. |
Википедия фарҳанги луғат ё роҳнамои истилоҳоти фаннӣ нест. Мақолаҳои Википедия набояд шомили мавридҳои зер бошанд:
- Маънии вожаҳо. Хоҳишмандем барои мақолаҳое, ки танҳо маънои як истилоҳро тавзеҳ медиҳанд вуруд насозед. Мақолаҳои Википедия маъмулан бояд бо таърифи хуб оғоз шаванд. Агар ба мақолае бархурд кардед, ки чизе беш аз таърифи маънои як вожа набуд, бикушед то иттилооти бештаре дар он биғунҷонед ва онро ба сатҳи як мақолаи донишномавӣ бирасонед. Яке аз истисноҳои ин қонун мақолаҳое ҳастанд, ки дар бораи маъноҳои фарҳангии як адад баҳс мекунанд.
- Феҳристи маънои вожаҳо. Бо ин ҳол дар Википедия сафҳаҳое ба номи ибҳомзудоӣ вуҷуд доранд, ки шомили роҳнамои маъноҳои мухталифи як вожа ҳастанд. Ҳамчунин сафаҳоте вуҷуд доранд, ки шомили феҳристи аз вожаҳои фаннии марбут ба як ришта мебошанд.
- Роҳнамои истифода ё фарҳанги амсол ва истилоҳоти омиёна. Википедия алоқае ба тавзеҳи чигунагии истифода аз вожаҳо ё истилоҳот надорад. Мо намехоҳем дар инҷо ба мардум бигӯем, ки чӣ тавр суҳбат кунанд. Ҳарчанд мумкин аст дар як мақола лозим бошад то тарзи истифодаи як вожа барои тамоюз байни маъноҳои мухталифи он дар назариёт ё милали мухталиф тавзеҳ дода шавад.
Барои сабти маънои як вожа ба Викивожа, ки яке аз лоиҳаҳои хоҳари Википедия аст, муроҷиат кунед.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |