Jump to content

Википедиа:Мақолаи пешниҳоди ҳафта/2016/14

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Абулқосим Лоҳутӣ (1887-ابوالقاسم لاهوتی —- 1957) - шоири инқилобии эронӣ аст,ки пас аз муҳоҷират ба Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз шоирон ва фаъолони сиёсии Тоҷикистон шуд.

Устод Абулқосим Аҳмадзода Лоҳутӣ 4 декабри соли 1887 дар шаҳри Кирмоншоҳи Эрон зода шудааст. Ӯ дар ғарби Эрон дар хонаводаи мӯзадӯз ба дунё омадааст. Яке аз сармоядони назми форсу тоҷик, аз оилаи косиб. Саводи ибтидоиро дар мактаби муллои деҳаи Барзадимоғ ва баъдтар дар назди падараш баровард, вале давом додани таҳсил ба вай муясар нашуд. Сахтии рӯзгор ва вазнинии маишати аҳли оила Лоҳутиро маҷбур кард аз хурдсолӣ меҳнат кунад. Чанде дар дӯконҳои дӯзандагӣ кор карда ба ҳаёти пурмашаққату меҳнати тоқатшикани аҳли ҷомеа шинос гардид. Тангии маишати хонавода водораш намудааст, ки аз овони кӯдакӣ худро дар оғӯши меҳнат бинад. Аввалҳо ба касбу кори падараш (гевакашӣ) ёрӣ дода, баъдтар дар дӯконҳои оҳангарӣ ва челонгарӣ шогирдӣ кардааст. (бештар...)