Jump to content

Википедиа:Мақолаи пешниҳоди ҳафта/2016/21

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Мирзо Турсунзода (2 май 1911 - 24 сентябри 1977) -- Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири халқӣ, арбоби ҷамъиятиву сиёсӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон (1961), академики АИ ҶШС Тоҷикистон (1951), Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ (1967). Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барандаи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Неҳру, Ҷоизаи давлатии СССР (ИҶШС) ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ҳаракатҳои озодихоҳи халқҳои Осиё ва Африко дар силсилаи асарҳои Мирзо Турсунзода «Ман аз Шарқи озод» (1950), «Қиссаи Ҳиндустон» (1947), «Садои Осиё» (1957), «Чароғи абадӣ» (1958), «Ҷони ширин» (1959), «Роҳи нури офтоб» (1964) ва достони «Аз Ганг то Кремел» (1970) ва ғайра хеле хуб тасвир ёфтаанд. Соли 1960 Ҳукумати шӯравӣ хизматҳои барҷастаи шоирро ба назар гирифта, барои достони «Ҳасани аробакаш» ва силсилаи шеърҳои «Садои Осиё» ӯро бо Ҷоизаи Ленинӣ ва соли 1964 барои достони «Ҷони ширин» ба Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ сарфароз мегардонад.(Мирзо Турсунзода |бештар...)