Jump to content

Википедиа:Мақолаи пешниҳоди ҳафта/2017/23

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Сотим Улуғзода - нависандаи муосири тоҷик, Нависандаи халқии Тоҷикистон, Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1951), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ. Бо асарҳое, чун “Субҳи ҷавонии мо”, “Қисмати шоир”, “Фирдавсӣ”, “Ривояти суғдӣ”, “Марги Ҳофиз” ва “Восеъ” шӯҳрат ёфтааст.

Сотим Улуғзода 2 сентябри соли 1911 дар деҳаи Варзики ноҳияи Чуст (вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон) дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Волидони Сотимхон аз табақаи кишоварзони камбизоат, вале соҳибдил буданд. Модараш зани босавод буда, гоҳе машқи шеър мекардааст. Сотимхон дар сини нӯҳсолагӣ аз модар ва дар даҳсолагӣ аз падар бенасиб мемонад. Баъдан вай дар мактаби усули нав, ки дар Чуст ташкил шуда буд, ба таҳсил фаро гирифта мешавад. Соли 1925 ба сафи донишҷӯёни Дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри Тошканд пазируфта шуда, соли 1932 онро хатм мекунад ва як сол дар ҳамин муассисаи таълимӣ ба касби муаллимӣ машғул мешавад. Чор соли таҳсил ва як соли фаъолияти муаллимӣ дар Дорулмуаллимин дар ташаккули шахсият ба ҳисси худшиносии Сотимхон мусоидат менамоянд. Ӯ дар ин муддат ба эҷодиёти Рӯдакиву Фирдавсӣ ва дигар шоҳсутунҳои адабиёти ҳазорсолаи тоҷик шинос мешавад, ба Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Нисор Муҳаммад, Абдурауф Фитрат барин шахсиятҳои фарҳангии тоҷик вомехурад ва аз забони рус М.С. Андреев пандеро ба маънои “халқи худро шинос” ба гӯш мегирад.(бештар...)