Википедиа:Мақолаи пешниҳоди ҳафта/2017/4

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Абулфазл Муҳаммад ибни Убайдуллоҳ Балъамӣ (форсӣ: ابوالفضل محمد بن عبیدالله بلعمی‎; ? — 14 ноябри 940, Бухоро) — олим, арбоби давлатӣ, вазири Наср ибни Аҳмади Сомонӣ (914–943).

Аслу насабаш аз мавзеи Балъамони Марв аст. Балъамӣ илмҳои замони худро аз донишмандони номии Хуросону Мовароуннаҳр омӯхта, ба гумони ғолиб дар синни ҷавонӣ ба Бухоро омада, то охири умр дар ин шаҳр зистааст. Санаи ба дарбори Сомониён роҳ ёфтанаш аниқ нест, аммо мусалламан дар аҳди амир Исмоили Сомонӣ яке аз ходимони бонуфузи дарбор ва муқаррабону надимони назди ӯ будааст.

Балъамӣ тақрибан ним аср – даврони аморати Исмоили Сомонӣ (892–907), Аҳмади Сомонӣ дар раъси корҳои идории давлати Сомониён қарор дошта, ба шарофати тадбирандешӣ ва корсозиҳои оқилонаи хеш дар ташаккул ва равнақу шукуфоии нахустин давлати мутамаркизи тоҷикон саҳми бузурге гузоштааст. Муаллифони асрҳои миёна дар тавсифи Балъамӣ унвонҳои ифтихории «Балъамии Кабир», «Мир Абулфазл», «аш-Шайх ал-Ҷалил» ва ғайраро ба кор бурдаанд, ки аз мақоми баланди ӯ дар таърихи давлатдории тоҷикон гувоҳӣ медиҳад. (бештар...)