Абулфазли Балъамӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Абулфазли Балъамӣ
ابوالفضل محمد بن عبیدالله بلعمی
Вазири давлати Сомониён
913 — 940
Подшоҳ: Наср ибни Аҳмади Сомонӣ
 
Марг: 14 ноябр 940(0940-11-14)
Ном ҳангоми таваллуд: Абулфазл Муҳаммад ибни Убайдуллоҳ Балъамӣ
 
Хизмати ҳарбӣ
Рутба: сипоҳдор

Абулфазл Муҳаммад ибни Убайдуллоҳ Балъамӣ (порсӣ: ابوالفضل محمد بن عبیدالله بلعمی; ? — 14 ноябри 940, Бухоро) — олим, арбоби давлатӣ, вазири Наср ибни Аҳмади Сомонӣ (914–943). Писари Абӯлфазл, Абӯали Балъамӣ (ваф. марти 974) муаррих, сиёсатмадор ва вазири Абдулмалик ибни Нуҳи Сомонӣ(954 – 961) ва Мансур ибни Нуҳ (961 – 976) буд ва ҳамчун тарҷумони китоби Муҳаммад ибн Ҷарир ал-Табарӣ «Таърихи Табарӣ» аз забони арабӣ ба забони форсӣ маъмул аст.

Зиндагинома[вироиш]

Аслу насабаш аз мавзеи Балъамони Марв аст. Балъамӣ илмҳои замони худро аз донишмандони номии Хуросону Мовароуннаҳр омӯхта, ба гумони ғолиб дар синни ҷавонӣ ба Бухоро омада, то охири умр дар ин шаҳр зистааст. Санаи ба дарбори Сомониён роҳ ёфтанаш аниқ нест, аммо мусалламан дар аҳди амир Исмоили Сомонӣ яке аз ходимони бонуфузи дарбор ва муқаррабону надимони назди ӯ будааст.

Корҳои давлатӣ[вироиш]

Балъамӣ тақрибан ним аср – даврони аморати Исмоили Сомонӣ (892–907), Аҳмади Сомонӣ дар раъси корҳои идории давлати Сомониён қарор дошта, ба шарофати тадбирандешӣ ва корсозиҳои оқилонаи хеш дар ташаккул ва равнақу шукуфоии нахустин давлати мутамаркизи тоҷикон саҳми бузурге гузоштааст. Муаллифони асрҳои миёна дар тавсифи Балъамӣ унвонҳои ифтихории «Балъамии Кабир», «Мир Абулфазл», «аш-Шайх ал-Ҷалил» ва ғайраро ба кор бурдаанд, ки аз мақоми баланди ӯ дар таърихи давлатдории тоҷикон гувоҳӣ медиҳад[1].

Дар китоби «Осор ул-вузаро» - и Сайфиддинҳоҷӣ нисбати Абулфазли Балъамӣ равшан аст, ки ӯ бо фармони амир Нӯҳ ибни Насри II қатл шудааст. Ба андешаи муаррихи тоҷик Аҳрор Мухторов

«ин шахс ҳамзамон парастори Рӯдакӣ буд. Шояд зада кӯр карда аз дарбор рондани Рӯдакӣ ва қатли Абулфазли Балъамӣ бо ҳам алақамандӣ дошта бошад? Яъне бо сабабҳои якхела (дар иштирок ба ҳаракати карматиҳо ё худ бо сабаби дигар) ин ду марди бузург ҷазо дида бошанд»

[2]

.

Сипоҳдорӣ[вироиш]

Балъамӣ на танҳо дар идораи корҳои кишвар истеъдоду маҳорати комил доштааст, балки дар ташкили сипоҳ ва саркӯб намудани исёнгарону душманони давлати Оли Сомон ҳамеша бо сарони сипоҳ ҳамдаст буд ва дар ин корзорҳо бо камоли шуҷоату мардонагӣ размидааст. Аз ҷумла солҳои 921–922 дар набарди зидди исёнгар Лайло ибни Нуъмон иштирок намуда, бар сипоҳаш, ки аксар ба ғорату тороҷи мардум машғул буданд, ғолиб омад. Дар таърихномаҳо иштироки Балъамӣ дар ҷанги зидди Мокон ибни Кокӣ, Мардович ва дигарон қайд шудааст ва ба мудаббирӣ ва корсозиҳои ӯ аҳсан–гуфтаанд. Вазири соҳибраъй дар ҳар гуна вазъи буҳронӣ тадбире меандешид, ки мӯҷиби рафъи мушкилот ва истиқрори авзоъ мегардид. Балъамӣ бо сиёсатмадорию хирадмандӣ борҳо пеши ҷангу хунрезиро гирифта, ҷонибҳои даргирро ба сулҳ моил кардааст. Симояш чун вазири омурзишгор ва шафоатгар падидор омадааст. Балъамӣ бо корогоҳӣ, муҷаррабӣ ва табаҳҳури худ дар одоби кишвардорӣ мавриди эътимоди амирони Сомонӣ, махсусан Наср қарор гирифта буд. Ӯ бо машварат ва тадбирҳои судманди худ пеши дастуру фармонҳои ноандешидаву дар сари хашм содиркардаро гирифта, ба ин васила дар тарбияи ахлоқу маънавиёти амир ва густариши адлу адолат дар ҷомеаи он даврон нақши муассир гузоштааст. Балъамӣ дар аҳди шаҳрёрии амирони Сомонӣ рисолати ислоҳи иҷтимоӣ ва далолати хайрро ба дӯш дошт, бо хиради сиёсӣ ва фазоили маънавию ахлоқии хеш дар тафаккури таърихии асрҳои миёна чун вазири шоистаи пайравӣ ва мазҳари олии вазорат шинохта шудааст. Дар ин замина аз рӯзгори ин вазири донову тавоно ҳикоёту ривоёти зиёд ба ёдгор мондаанд.

Балъамӣ соли 938 аз сӯи амир Наср ибни Аҳмад аз вазорат дур шудааст, ки дар ҳеч маъхази муътамад ба қайд наёмадааст, эътимолан дар кораш шикасте рух додааст.

Фарҳангпарварӣ[вироиш]

Балъамӣ дар бузургдошти илму дониш ва аҳли он низ шуҳраи офоқ гардида буд. Ба шарофати ибтикороташ маҳфилҳои шеъру сухан ва илму ҳикмат дар дарбори Сомониён ҳамеша ҷӯш мезаданд, адибону олимон аз нуқоти мухталиф ба Бухоро меомаданд ва бо дарёфти инояту саховат ва пуштибонии амирону вазирони Сомонӣ дар рушди илму адабу фарҳанг саҳм мегузоштанд. Боризтарин далели гироиш ва иродати Сомониён ба илму фарҳанг дастгирию дӯстии Балъамии вазир ва Рӯдакии шоир аст, ки моҳият ва дарунмояи сиёсати фарҳангии давлати оли Сомонро дар беҳтарин сурат падид меовард. Балъамӣ ба каломи Одамушшуаро Рӯдакӣ арҷ мениҳод ва ҳунару санъаташро дар Аҷаму Араб беназир мешумурд.

Осор[вироиш]

Фарҳангпарварӣ ва ҳусни иродати Балъамӣ ба аҳли илму адаби давр на танҳо мавриди ситоиши порсигӯён, балки уламову удабои арабзабон ҳам қарор гардидааст, ки фазоили хуҷаста ва муҳассаноти маънавии ӯро бо сидқи ихлос ситудаанд. Баъзе муаллифони асрҳои миёна аз ду асари Балъамӣ «Талқеҳ-ул-балоға» ва «Китоб-ул-мақолот» ёдовар шудаанд, ки то рӯзгори мо нарасидаанд.

Эзоҳ[вироиш]

  1. Ҳотамов Н.Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011, – с. 106.
  2. Аҳрор Мухторов. Амирон ва вазирони Сомонӣ. – Душанбе, 1997, – с. 63-64.

Адабиёт[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Миллии Тоҷик навишта шудааст.