Википедиа:Чӣ тавр мақола бояд сохт

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ин дастурамалест дар бораи Чӣ тавр мақола бояд сохт.

Шояд Шумо дар бобати ин мавзуъҳо донистан мехоҳед:

Асосҳои умумӣ[вироиши манбаъ]

  • Пеш аз навиштани мақола ҷустуҷӯ намоед, шояд касе дигар ин мақоларо навишта бошад.
  • Тавсия мешавад, ки мақолаҳои худро аз пайвандҳои вуҷуддошта сар намоед. («Пайвандҳои ранги сурх» — пайвандҳое мебошанд, ки дохили матн гузошта шудаанд, вале ҳоло мақола надоранд.) Ниг. ба шарҳаш дар поён.
  • Дар хотир доред, ки дар аввали мақола сарлавҳаи кӯтоҳ навиштан лозим аст. Ин тавр нанависед «Ин ҳикояи сеюми вай буд…» — шояд Шумо аз рӯи пайванде дар бораи нависандаи бузургӣ N ба ин ҷо омада бошед, хонандаҳои дигар ба ин саҳифа аз ҷои дилхоҳ омада метавонанд.
  • Пеш аз номгузорӣ кардани мақолаи нав номгузории мақолаҳоро аз назар гузаронед. Номи саҳеҳ ба саҳифаи шумо пайвандҳои саҳеҳи аз дигар саҳифаҳои ба он вобастаро нишон медиҳад ва номи саҳифаро дар оянда иваз намудан лозим нест.
  • Мақоларо аз ҷумлаи пурра сар намоед. Калима ва ё ибораи асосиро намоён кунед.

Сохтани мақола барои пайванди вуҷуддошта[вироиши манбаъ]

Барои сохтани мақолаи нав шумо аз пайванд ба мақолаи нав истифода бурда метавонед. Ҳангоми хондани мақолаҳои Википедия, Шумо пайвандҳо ба мақолаҳое, ки ҳоло навишта нашудаанд (монанди ин: Мисоли номгузории мақола

БА ИН ПАЙВАНД НАГУЗАРЕД-ИН МИСОЛИ НОМГУЗОРӢ АСТ) истифода бурда метавонед.

Пайвандҳо ба мақолаҳое, ки навишта нашудаанд бо ранги сурх ишора шудаанд (агар Шумо вуруд карда бошед, метавонед аз тарҷиҳот истифода бурда ингуна пайвандҳоро бо аломати хурди савол иваз намоед). Ба ин пайванд гузашта Шумо ба саҳифае меоед, ки дар он чунин навишта шудааст:

Шумо пайвандеро интихоб кардед, ки саҳифа дар он арзи вуҷуд надорад. 
Барои сохтани саҳифа, ба қуттии зерин нависед (саҳифаи роҳнаморо барои маълумоти бештар нигаред). 
Агар аз сабаби хатогӣ ва ё иштибоҳ омадед, тугмаи Ба оқиб-ро дар браузери худ пахш кунед.

Матни мақолаи худро дар ҷои дохил кардани матн нависед. Баъди тамом кардани чоп, тугмачаи «Саҳифа захира шавад»-ро, ки зери саҳифаи Шумост пахш намоед (Барои пешнамоиши матни чопкардаи худ аз тугмачаи «Пеш намоиш» истифода баред.)

Зуд шуруъ намудан[вироиши манбаъ]

Яке аз усулҳои соддаи сохтани саҳифаи нав — дохил кардани чизе монанди мисоли дар поёнбуда ба сатри нишонии браузер: Яъне нишонии саҳифаи вуҷуд надоштаро дохил кардан лозим аст:

http://tg.wikipedia.org/wiki/Мисоли номгузории мақола

«Мисоли номгузории мақола»-ро ба номи мақолаи худ иваз намоед. Масалан, барои сохтани мақола дар бораи «Бузаки ҷингилапо» чунин нависед:

http://tg.wikipedia.org/wiki/ SAFARALI SULTON 

Шумо шаблонеро мебинед, ки матн надорад. Барои ҳамин, ба пайванди «Вироиш», ки дар болои ин саҳифа вуҷуд дорад пахш намоед ва ,инак, Шумо саҳифаи нав тавлидёфтаро вироиш карда истодаед. Ғамхории Шумо нисбати дурустии мақола сазовори баҳои баланд мешавад.

Эзоҳот. Ин усул ба номи бо ҳарфҳои каҷу килеб ва нофаҳм чопшуда оварда мерасонад. Браузер Firefox 1.5.0.1 дар Линукс аз ин гуна хатогӣ эмин нест. [1].

Сохтани пайвандҳо ба саҳифаҳои дигар[вироиши манбаъ]

Агар ҳангоми вироишоти мақолаи вуҷуддошта, Шумо фикри навиштани ягон мақолаи ҷудо барои ягон калима ва ё ибора бо пайванд аз ҳамин саҳифа кунед, метавонед он калима ва ё ибораро бо қавсҳои дутагаи квадратӣ [[ана ҳамин тавр]] ишора кунед. Ин амал «викификатсия»-и матн номида мешавад.

Ҳамин тавр, агар калима ва ё ибораи дар матн буда, пасоянд дошта бошад, пас аз калима ва ё ибора хати рост гузошта, калимаи пасоянд доштаро навиштан лозим аст, масалан: «дар [[саҳифа|саҳифаи]]» ё «ин [[саҳифа|саҳифаро]]».

Ҳангоми захира намудани ин мақола ин калима ва ё ибора ба мақолаи вобастаи он (агар он вуҷуд дошта бошад) ё пайванди сурхранг, ки ба сохтани мақолаи нав имконият медиҳад (дар боло зикр карда будем) пайваста мешавад. Ин усули аълои сохтани мақолаҳои нав мебошад.

Сохтани мақолаҳои нав[вироиши манбаъ]

Агар Шумо хоҳиши сохтани мақолаи нав карда бошед, аввал «Ҷустуҷӯ»-ро истифода намуда, муайян кунед, ки касе чунин мақола дар ин мавзӯъ ва ё ҳаммаъно ба ин мавзӯъ навишта набошад.

Шумо саҳифаҳои монандро ҷустуҷӯ намуданатон лозим аст, ин амал Шуморо аз зарурияти сохтани саҳифаи нав озод менамояд, ё ҳамин тавр шуданаш ҳам мумкин аст, ки Шумо саҳифаи равона кардан ба ҳамин саҳифаи вуҷуддоштаро месозеду халос. Масалан, Шумо хоҳиши сохтани саҳифаи нав дар бораи Нютон кардед ва шояд Шуморо саҳифаи мавҷудбуда дар бораи ин инсон кифоя намояд, метавонед саҳифаи равона кардан ба онро созед .

Агар касе мақолае дар бораи мавзӯи Шумо нанавишта бошад, эҳтимол Шумо, чизеро ки ба ин мавзӯъ тааллуқ дорад (бисёртар дар гурӯҳҳои умумӣ, масалан, Философия ё Биология) ёфта метавонед. Шумо ин мақоларо метавонед вироиш намуда ва (дар ҷои лозима) байни қавсҳои дутагаи квадратӣ номи мақоларо, ки Шумо хоҳиши сохтан кардед, [[ана ҳамин тавр]] дохил намоед. Пас, тугмачаи «Саҳифа захира шавад»-ро, ки зери саҳифа аст пахш намоед. Дар саҳифае, ки Шумо ҳозир вироиш кардед пайванде ба саҳифаи нави Шумо пайдо мешавад, ки бо ранги сурх намоён аст. Ба пайванд пахш намуда Шумо ба вироишоти саҳифаи нави худ шуруъ мекунед! Ин таҷрибаи хуб барои ҷо ба ҷо гузории энсиклопедия буда, вале ба саҳифаҳои зиёди равонакунӣ дар баъзе саҳифаҳо оварда мерасонад.

Ҳамчунин нигаред[вироиши манбаъ]

Википедиа:Эҷоди мақола