Jump to content

Википедиа:Эҷоди мақола/Манобеъ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
4. Манобеъ
5. Муҳтаво
6. Поён
Намунаи манобеъ

Манобеи хуб:

  • Китобҳо
  • Газетаҳо
  • Маҷаллаҳои муътаббар
  • Нашрияҳои донишгоҳӣ

Манобеи заиф:

  • Блогҳо
  • Шабакаҳои иҷтимоӣ
  • «Дониши худ»
  • Ҳар гуна сарчашмаҳое, ки наметавонад аз ҷониби дигар корбарон санҷида шавад

Иттилооти Википедиа бояд исботпазир ва қобили эътимод бошад.

Фактҳо, нуқтаи назар, назарияҳо ва далелҳо бояд танҳо дар мақолаҳо ҷой дода шаванд, агар онҳо қаблан дар сарчашмаҳои боэътимод ва муътабар нашр шудаанд. Манобеъ бояд мустақил аз мавзӯи мақола ва дақиқ бошанд. Пайванд додан ба манобеъ — яке аз қоидаҳои асосии Википедиа мебошад. Ҳар гуна маводи бе сарчашма метавонад зери шубҳа қарор гирад ва ҳазф карда шавад.

Нукта: мақолаҳои Википедиа худ сарчашмаи боэътимод нестанд (гарчанде ки шумо метавонед сарчашмаҳои марбутро аз дигар мақолаҳо нусхабардорӣ кунед).

Манобеи хуб

  1. шуҳрати хуб доранд ва муътабар ҳастанд
  2. мустақил
  3. санҷидашуда


Агар мақолаатон дорои манобеи мустақил ва мавриди эътибор набошад, ҳазф хоҳад шуд.


Мақолаи шумо манобеи хуб дорад?