Jump to content

Википедиа:Эҷоди мақола/Саршиносии ширкатҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
3. Саршиносӣ
4. Манобеъ
5. Муҳтаво
6. Поён
Саршиносӣ

Мақолаҳои Википедиа бояд мавзӯъҳои муҳимеро пӯшиш диҳанд, ки давраҳое аз замон дар ҷаҳон мавриди таваҷҷӯҳи илмӣ ва расонаӣ буданд.

Википедиа:Саршиносӣ
Саршиносӣ

Барои дохил шудан ба Википедия танҳо шумораи хеле ками ширкатҳо ва созмонҳо мувофиқанд. Дар ҷаҳон миллионҳо ширкат вуҷуд доранд, вале камтар аз 0,1 % аз онҳо барои Википедия ба қадри кофӣ саршинос мебошанд.

Барои Википедия ширкат бояд ба меъёри умумии саршиносӣ ҷавобгӯ бошад. Тибқи меъёри умумии саршиносӣ, мавзуъҳо эҳтимола дар сурате мубрам ва муҳим хоҳанд буд, ки дар сарчашмаҳои муътабар, ба монанди рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, мақолаҳои илмӣ, китобҳо ва ғайра — ба таври кофӣ ва муфассал бозтоб ёфта бошанд.

Бархӯрди манфиатҳо ва таблиғот

Агар шумо бо ширкате, ки мехоҳед дар бораи он нависед, робитаи зич дошта бошед, эҳтимоли бархӯрди манфиатҳо вуҷуд дорад, ва барои шумо душвор хоҳад буд, ки мақолаи хуб бетараф ва донишномаӣ нависед. Ба шумо навиштани мақола бо услуби ғайритиҷоратӣ душвор хоҳад буд — ҳол он китаблиғ кайҳо боз мувофиқи қоидаҳо манъ шудааст. Аз ин рӯ, агар саҳми шумо ба таблиғ монанд бошад ё ба меъёрҳои саршиносӣ ҷавобгӯ набошад, эҳтимолан он сареан ҳазф хоҳад шуд. Беҳтарин тавсия дар чунин ҳолат — ҳеч кор накардан аст: агар ташкилот/корхона/ муассисаи шумо шоистаи зикр бошад, дер ё зуд каси дигаре дар бораи он мақола менависад. Дар ҳамин фурсат шумо метавонед мақолаи дигар нависед — масалан, дар бораи соҳае, ки ширкати шумо ба он тааллуқ дорад.


Оё созмони шумо ба талабот ҷавобгӯ аст?