Jump to content

Википедиа:Моҳи Осиёии Википедиа

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Википедиа:Asian Month)

Моҳи Осиёии Википедиавикимарафони ҳарсола (аз 1 то 30 ноябр мувофиқи UTC) бо ҳадафи навиштан ва беҳтар намудани мақолаҳо миёни Ҷомеъаи Осиёии Википедиа дар мавзӯъҳои марбут ба Осиё аст. Дар марафон ҳама корбарон аз дилхоҳ фасли Википедиа имкони ширкат карданро доранд.

Дар соли 2017 ҳар як мушорикаткунандае, ки дастикам 4 мақола бо шарти риояи меъёрҳо эҷод намояд, табрикнома бо тарроҳии вижаи Википедиаро аз ширкаткунандагони дигар кишварҳо дарёфт хоҳад кард. Викинигороне ки бештарин мақолаҳоро дар ҳар Википедиа эҷод намоянд ба унвони «Сафирони Осиёии Википедиа» (англ. Wikipedia Asian Ambassador) сарфароз хоҳанд шуд.

Қоидаҳо

  • Марафон барои ҳамаи корбарони сабтиномшуда боз аст (замони сабти ном муҳим нест).
  • Ба марафон мақолаҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои зерин иҷозат дода мешаванд:
    • Мақола бояд дар фосилаи замонии 0:00 санаи 1 ноябри 2017 то соати 23:59 санаи 30 ноябри 2017 (замонҳои UTC) эҷод шавад.
    • Ҳамчунин метавонед мақолаҳои мавҷударо густариш диҳед. Ҳаҷми аслии мақола бояд камтар аз 4 000 байт бошаду мебоист онро ба 5 баробари ҳаҷми аслӣ густариш диҳед; ҳамчунин мақолаи густаришдодашуда бояд ҳадди ақал 4 000 байт ҳаҷм ва 300 вожа дошта бошад. Танҳо вироишҳое, ки дар фосилаи замонии ёдшуда анҷом шудаанд муҳосиба мегарданд.
    • Мақола бояд дастикам 3 500 байт ҳаҷм ва ҳудуди 300 вожа дошта бошад.
    • Мақола бояд ба ҳама шароити Википедиа:Саршиносӣ созгор бошад.
    • Мақола ҳатман бояд сарчашмаи қобили қабул дошта бошад; ибораҳои машкуку баҳсбарангез бояд тавассути сарчашма(ҳо)-и муътабар, таъйид шаванд.
    • Мақола набояд тамоман тарҷумаи мошинӣ бошад.
    • Мақола набояд ҳечгуна барчасбе дошта бошад.
    • Мақола набояд феҳрист бошад.
    • Мақола бояд дар бораи мавзӯе бошад ки мустақиман марбут ба кишвари мустақил ё сарзамини вобаста дар Осиё аст. (сиёсат, ҷуғрофиё, фарҳанг, варзиши ва ғ…)
  • Тавваҷуҳ: Дар поён, афроде ба унвони доварон аз википедиаи маҳаллӣ (дар инҷо, Википедиаи Тоҷикӣ) вазъияти рад ё пазириши мақоларо мушаххас хоҳанд кард.


Ташкилкунандагон

  1. VASHGIRD

Ширкаткунандагон ва мақолот

Рӯйхати ширкаткунандагон ин ҷо дастрас аст. Натоиҷи ҳамаи лоиҳаҳо дар ин ҷост.

Юзербокси лоиҳа — {{Userbox/Шаркаткунандаи лоиҳа:Моҳи Осиёии Википедиа}}

Ҷомеъаи байналмилалӣ

Фаслҳои забонии Википедиа