Википедияи Тоҷикӣ
| |
---|---|
URL: | tg.wikipedia.org(тоҷ.) |
Навъи лоиҳа: | хайриявӣ |
Навъи сайт: | донишномаи бархат |
Сабти ном: | ихтиёрӣ |
Забон: | тоҷикӣ |
Молик: | Wikimedia |
Оғоз: | 27 январ 2004 |
Шумораи мақолот: | 113 940 (70-ум ҷой) |
Шумораи парвандаҳо: | 519 |
Шумораи саҳифаҳо: | 277 536 |
Шумораи вироишот: | 1 410 947 |
Корбарони сабтиномшуда: | 52 562 |
Корбарони фаъол: | 73 |
Мудирон: | 6 |
Жарфо: | 10,5 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Википедияи Тоҷикӣ (форсӣ: ویکیپدیای تاجیکی, лот. Vikipediai Tojikī) — бахше аз донишномаи интернетии Википедия ба забони тоҷикӣ, ки монанди дигар бахшҳои забонӣ ройгон ва озодона вироиш мешавад. Дар таърихи 27 январи соли 2004 таъсис шуд.
Таърих
Донишнома 27 январи соли 2004 таъсис ёфтааст. Декабри соли 2006 шумораи мақолаҳои он аз 3 500 номгӯй, корбаронаш 200 нафар ва 2 нафар мудирро ташкил медод. 11 августи соли 2011 Википедияи Тоҷикӣ дорои 9 373 мақолаҳо (дар ҷойи 78) буд. Дар 19 майи соли 2012 шумораи мақолаҳои он аз 10 000 гузашт ва дар радаи яксаду даҳуми Википедияҳо қарор гирифт. Дар таърихи 17 декабри соли 2015 шумораи мақолаҳои Википедияи Тоҷикӣ беш аз 40 000 ташкил медод ва 20 декабри соли 2019 корбарони Википедияи тоҷикӣ шумораи 100 000 мақоларо убур карданд.[1]
Дар байни википедияҳои забонии кишварҳои Осиёи Марказӣ википедияи тоҷикӣ дар ҷойи сеюм, баъд аз википедияҳои қазоқӣ ва узбакӣ қарор гирифтааст.
Байни википедияҳои форсизабон бошад, википедияи тоҷикӣ ҷойи дуюмро ишғол мекунад.
Омори эҷод
Омори эҷоди корбарон нисбати таълифи мақолаҳо, шаблонҳои нав вироиши мақолаҳои гуногуни Википедия пайваста меафзояд.
Вазъи Википедияи Тоҷикӣ барои имрӯз чунин аст:
- Шумораи мақолот: 113 940 (68-ум ҷой)
- Шумораи парвандаҳо: 519
- Шумораи саҳифаҳо: 277 536
- Шумораи вироишот: 1 410 947
- Корбарони сабтиномшуда: 52 562
- Корбарони фаъол: 73
- Мудирон: 6
- Жарфо: 10,5[2].
Шумораи корбарони Википедияи Тоҷикӣ гарчанде пайваста зиёд шуда бошанд ҳам (нигаред: шумораи корбарон — 52 562), фаъолияти аксари онҳо дар вироишу такмили мақолаҳо хотима ёфтааст.
Омори Википедияи Тоҷикӣ дар замонҳои мухталиф
Омори Википедияи Тоҷикӣ дар замонҳои мухталиф | |||||||||
Таърих | Ҷой | Мақолаҳо | Саҳифаҳо | Вироишот | Жарфо | Корбарон | Фаъол | Мудирон | Парвандаҳо |
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
19 майи 2012 | 110 | 10 001 | 4 | 354 | |||||
10 апрели 2013 | 115 | 10 834 | 20 134 | 342 075 | 12,5 | 8 795 | 37 | 4 | 379 |
9 декабри 2013 | 96 | 23 004 | 34 635 | 375 560 | 2,8 | 9 884 | 41 | 5 | 459 |
25 декабри 2013 | 90 | 25 251 | 39 128 | 382 575 | 3,0 | 9 973 | 41 | 5 | 505 |
20 январи 2014 | 85 | 29 005 | 48 992 | 397 992 | 3,8 | 10 090 | 48 | 6 | 547 |
20 январи 2015 | 85 | 30 750 | 3,8 | 6 | 547 | ||||
20 январи 2016 | 84 | 40 143 | 89 693 | 740 286 | 12,6 | 14 012 | 63 | 4 | 559 |
24 октябри 2017 | 62 | 87 496 | 160 179 | 1 000 437 | 4 | 17 939 | 70 | 4 | 344 |
1 феврали 2018 | 61 | 93 096 | 165 927 | 1 017 272 | 3,8 | 20 977 | 66 | 4 | 358 |
15 январи 2019 | 64 | 96 103 | 179 908 | 1 022 061 | 4,3 | 24 548 | 61 | 4 | 404 |
20 декабри 2019 | 63 | 99 999 | 187 612 | 1 053 232 | 4,3 | 27347 | 66 | 6 | 419 |
3 ноябри 2020 | 66 | 101 627 | 246 269 | 1 209 987 | 10 | 30 047 | 58 | 6 | 445 |
20 декабри 2022 | 68 | 108 668 | 265 080 | 1 325 842 | 10,4 | 37 438 | 103 | 7 | 486 |
10 августи 2023 | 68 | 110 010 | 268 612 | 1 368 261 | 10,6 | 40 109 | 80 | 6 | 496 |
1 майи 2024 | 70 | 112 493 | 274 297 | 1 397 005 | 10,5 | 48 216 | 73 | 6 | 512 |
Ҳоло | 68 | 113 941 | 277 536 | 1 410 960 | 10,5 | 52 562 | 73 | 6 | 519 |
Нақди Википедияи Тоҷикӣ
Дар моҳи октябри соли 2017 дар сомонаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳномаи кумита нисбат ба ноширони муҳтавои Википедияи Тоҷикӣ пешниҳод шуд, ки тамоми ғалатҳои имлои забони тоҷикии сомона ислоҳ карда шаванд[3], ин иттилоот мавриди баррасии якчанд нашрияҳои Русия гардид.[4][5] Гузориш барои ин воқеъот дар сомонаи тоҷикистонии Азия-Плюс[6] низ баррасӣ гардидааст. Муҳокимаи он дар саҳифаҳои Викиновости[7] ва саҳифаи гурӯҳи Tajik Wikipedia — Википедияи Тоҷикӣ дар Facebook 4—12 октябри соли 2017 нашр шудааст.[8]
Википедияи Тоҷикӣ ва Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба кори викинависони тоҷик зимни суханронӣ дар мулоқоти наврӯзӣ бо зиёиёни кишвар дар 20 марти соли 2014[9] гуфт:
Имрӯзҳо аз ҷониби ҷавонони ватанпараст «Википедияи Тоҷикӣ» пайдо шудааст ва ин ташаббуси нек аз ҷониби давлат дастгирӣ хоҳад ёфт.
ва дар давоми суханрониаш гуфт:
Аз ин рӯ, ба Сарредаксияи энсиклопедияи миллии тоҷик супориш дода мешавад, ки манбаи бузурги иттилооти илмиву оммавии худро ба ин қомуси ҷаҳонии электронӣ ворид намояд ва сомонаи хосаи худро низ таъсис диҳад
Гурӯҳи корбарии Викимедиянҳои Тоҷик
Дар авохири соли 2022 викинависони тоҷик «Гурӯҳи корбарии Викимедиянҳои Тоҷик» (англ. Tajik Wikimedians User Group)-ро созмон доданд[10] ва ҳамзамон барои баррасӣ ва муҳокимаи масъалаҳои марбут ба Википедияи Тоҷикӣ гурӯҳи телеграмии худро боз намуданд[11].
Барои ҳалли масъалаҳои рӯзмарраи саҳифаҳои Википедияи Тоҷикӣ дар шабакаи иҷтимоъии Фейсбук гурӯҳе бо ҳадафи шиносоӣ ба намунаҳои мақолоти донишнома ва навгониҳои оморӣ барои хонандагон дастрас аст[12].
Ҷаласот
Ҷаласа дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Гурӯҳи корбарии Викимедиянҳои Тоҷик 20 декабри соли 2023 бо пуштибонии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷаласае дар мавзӯъи «Тарғиби арзишҳои миллӣ ва рушди Тоҷикистон дар донишномаи Википедия» бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор кард ва дар ин ҷаласа мудирони Википедияи Тоҷикӣ Дӯстмурод Саид ва Муҳаммад Ҳайдарзода, мудири Википедиёи Форсӣ Муҳсини Солик ва яке аз мудирони пешинаи Википедияи Русӣ Анастасия Лвова сухан гуфтанд[13].
20-умин солгарди Википедияи Тоҷикӣ
27 январи соли 2024 дар толори ҳамоиши меҳмонхонаи «Атлас»-и шаҳри Душанбе маросими 20-умин солгарди Википедияи Тоҷикӣ дар як мизи гирде бо ибтикори «Гурӯҳи корбарии Викимедиянҳои Тоҷик» ва ширкати фанноварию иттилоотии «Navju Tech» бо пуштибонии созмони Good Neighbors Tajikistan, ширкати Softclub, ширкати фанноварии Livo, ширкати мобилии «O Mobile» ва бо иштироки викинависон, кормандони муассисоту донишгоҳҳо, блогерон ва намояндагони расонаҳои хабарӣ баргузор шуд[14][15].
Эзоҳ
- ↑ Wikimedia_News
- ↑ List of Wikipedias/Феҳристи Википедияҳо
- ↑ Сомонаи Wikipedia. 24 октябри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 ноябри 2017.
- ↑ Казыбеков Э. Таджикистан: Власти хотят привлечь к ответственности авторов статей в таджикской версии «Википедии» за ошибки. Клооп (5 октябри 2017). 9 октябри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 октябри 2017.
- ↑ Северный А. Википедии вышли боком ошибки в таджикском разделе. Vista News (4 октябри 2017). 9 октябри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 октябри 2017.
- ↑ news.tj Азия-Плюс Комитет по языку Таджикистана выявил ошибки в Википедии на таджикском языке. И разозлился. 24 октябри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 октябри 2017.
- ↑ Таджикской Википедии сделали замечания и предложили заменить слово «энциклопедия»
- ↑ Tajik Wikipedia — Википедияи Тоҷикӣ www.facebook.com
- ↑ Суханронӣ дар мулоқоти наврӯзӣ бо зиёиёни кишвар — 20.03.2014
- ↑ Tajik Wikimedians User Group(англ.). meta.wikimedia.org. Meta. 11 Январ 2023 санҷида шуд.
- ↑ Гурӯҳи корбарии Викимедиянҳои Тоҷик. Telegram. 11 Январ 2023 санҷида шуд.
- ↑ Википедияи Тоҷикӣ — Tajik Wikipedia(тоҷ.). www.facebook.com. Facebook. 11 Январ 2023 санҷида шуд.
- ↑ Беҳтар намудани фаъолияти Донишномаи озод – Википедия(тоҷ.). Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (20 Декабри 2023). 26 Декабри 2023 санҷида шуд.
- ↑ В Душанбе состоялся церемония «20-летия Таджикской Википедии»(рус.). Медиа о людях и жизни в Душанбе (1 феврали 2024). 18 апрели 2024 санҷида шуд.
- ↑ Рао/Ро. Wikipedia-и тоҷикӣ 20-сола шуд. Мушкилу пешрафт кадом аст? ВИДЕО(тоҷ.), Радиои Озодӣ (31 Январ 2024). Проверено 18 апрели 2024.
Пайвандҳо
- Чаро Википедияи Тоҷикӣ аз дигар фаслҳои забонии Википедия қафо мондааст?(тоҷ.). www.pressa.tj (16 Январ 2020). 19 Январ 2020 санҷида шуд.
|