Вилт
Вилт (англ. wilt — гум кардани тароват) — пажмурда шудани рустанӣ.
Сабабҳои вилт гуногунанд. Ба ақидаи бисёр олимон вилт касалии трахеомикоз буда, онро занбӯруғҳои дараҷаи паст меангезанд. Вилт вертисиллиозӣ (ангезандааш — занбӯруғи Verticillium clahliae) ва фузариозӣ (ангезандааш — Fusarium oxysporum) мешавад. Вилти вертисиллиозӣ тақр. ба 350 намуди рустаниҳои дупаллагӣ зарар мерасонад. Аз вилт хусусан пахта, анҷибар, канаб, кунҷид, зағир, помидор, лаблабу, боимҷон, карам, нахӯд, мош, офтобпараст сахт осеб меёбанд. Маҳалли сукунату рушди ангезандаи вилт хок аст. Аз хок он ба воситаи реша ба узвҳои рустанӣ ворид шуда дар силсилаи обгузар (ксилема) ҷой мегирад ва баргу пояро пажмурда месозад. Бар асари вилт рустанӣ бисёр вақт комилан, баъзан қисмҳои алоҳидаи он нобуд мешавад. Ба густариши касалӣ намнокии зиёд мусоидат мекунад. Занбӯруғҳо хусусан дар ҳарорати 18-260С (60-80 % будани намии хок) зуд рушд меёбанд. Вилт дар рустаниҳои яксола бештар дар давраи муғҷабандӣ, дар лундаи картошка баъди ду-се ҳафтаи сабзиши поя падид меояд. Зери таъсири ангезандаҳои вилт дар баргҳои поёнии рустаниҳои паҳнбарг (боимҷон, пахта, харбуза ва ғ.) доғҳо пайдо мешаванд. Дар рустаниҳои резабарг нишонаҳои вилт ноаён буда, баргҳо зард шуда мерезанд. Вилт сифати ҳосилро паст карда, ба кишоварзӣ зарари калон мерасонад.
Тадбирҳои мубориза: интихоби навъҳои ба вилт тобовар; киштгардон кардани замин; аз ангезандаҳои касалӣ тоза кардани хок; ба замин пошидани пору ва ғ.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вилт // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.