Вилюй
• Координатаҳо | [[Гурӯҳ:Қуттии дарё: Викимаълумот: истифодабарии таркиб: координатаҳо|]] |
---|---|
Мавқеъ | |
Рӯйхати оби Русия | |
18030800112117400003664 | |
Рамзи ҳавза | 18.03.08.001 |
Рамзи ТҲ | 117400366 |
Ҷилди ТҲ | 17 (нашр 4)[1] |
Вилю́й (ёқут. Бүлүү) — дарё дар Русия, шохоби бузургтарини дарёи Лена. Дарозиаш 2650 км, масоҳати ҳавзааш 454 ҳазор км².
Манбааш асосан барф. Аз пуштакӯҳи Вилюй ибтидо гирифта, ба паҳнкӯҳи Сибири Миёна ҷорӣ мешавад. Болообаш аз дараи танг ҷорӣ шуда, ба пастии Ёқутистони Марказӣ мебарояд. Шохобҳои асосиаш: аз рост — Улахан-Вава, Чиркуо, Чона, Улахан-Ботуобуя, Оччугуй-Ботуобуя; аз чап — Ахтаранда, Марха ва Тюнг. Сарфи миёнаи об дар назди шаҳраки Чернишевский қариб 600 м³/с, дар назди деҳаи Сунтара қариб 800 м³/с, дар назди резишгоҳ наздики 1700 м³/с. Сарфи об дар вақти обхезии баҳорӣ (об то 10-15 м баланд мешавад) дар ҷараёни миёнааш то ба 10000-15000 м³/с мерасад. Октябр ях баста, май об мешавад. Маҷрояш бо дарғоти НБО-и Вилюй дар назди шаҳраки Чернишевский (обанбори Вилюй) ба танзим дароварда шудааст. Аз резишгоҳаш то шаҳраки Чернишевский 1170 км киштигард. Бандарҳои калонаш: Вилюйск, Нюрба, Чернишевский. Дар Вилюй моҳидорӣ (моҳиҳои таймен, тосмоҳӣ, ленок, нелма ва ғ.) ривоҷ ёфтааст. Дар ҳавзаи Вилюй конҳои алмос (Мирний, Айхал ва ғ.), ангишт (қисми ғарбии ҳавзаи д. Лена), гази табиӣ, намаки ош (Кемпендяй) мавҷуданд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Ресурсы поверхностных вод СССР: Гидрологическая изученность. Т. 17. Ленско-Индигирский район. Вып. 4. Бассейн р. Лены от устья р. Алдан до устья р. Вилюй и бассейн р. Вилюй / под ред. А. С. Шароглазова. — Л.: Гидрометеоиздат, 1964. — 128 с.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вилюй // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- Дарёҳо аз рӯи алифбо
- Объектҳои обӣ ба тартиби алифбо
- ТАФ:ОО:Вироиши охирин: камтар аз 1000 аломат
- ТАФ:ОО:Вироиши охирин: дар порсол
- Қуттии дарё: Викимаълумот: используется свойство: код ГВР
- Дарёҳо Ленского атрофи ҳавза
- Қуттии дарё: пур кардан: Координатаҳои сарчашма
- Қуттии дарё: пур кардан: Координатаҳои резишгоҳ
- Геоқуттӣ: пур кардан: Кишвар
- Геоқуттӣ: пур кардан: Номгузорӣ
- Қуттии дарё: пур кардан: Минтақа
- Қуттии дарё: пур кардан: Тӯл: дар Викимаълумот нишонагузорӣдодашуда
- Қуттии дарё: пур кардан: Масоҳати ҳавза: дар Викимаълумот нишонагузорӣдодашуда
- Қуттии дарё: пур кардан: Сарфи об: дар Викимаълумот нишонагузорӣдодашуда
- Қуттии дарё: пур кардан: Ҳавза
- Қуттии дарё: пур кардан: Резишгоҳ
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P373)
- Қуттии дарё: пур кардан: Номгузории миллӣ
- Қуттии дарё: Викимаълумот: пур кардан: радаи ҳавза
- Pages using the Kartographer extension