Вилямс (навъи нок)
Таксони наздиктарини болоӣ | P. communis[d] |
---|---|
Номида ба шарафи | Enoch Bartlett[d] |
Замони оғоз | 1796 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Вильямс (англ. Williams, номи комил Williams' Bon Chretien[1], ҳамчунин маъруф ба Бартлетт, англ. Bartlett) — навъи нок.
Соли 1796 олими англис М. Вилер (дар шаҳри Беркшир) рӯёндааст. Дар густариши он саҳми Р. Вилямс арзанда мебошад. Вилямс дар Русия, Украина, Узбакистон, Туркманистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Латвия, Гурҷистон, Молдова парвариш меёбад. Ба шароити иқлими Тоҷикистон низ мутобиқ карда шудааст.
Дарахташ дерсабз, дарахти 25-30-солааш 6,5 м қад мекашад; ғафсии танааш то 65 см, шоху навдааш рост, сербарг. Ниҳолаш баъди 4 сол самар меоварад. Дарахти Вилямс дар ҳар гуна хок сабзад ҳам, дар заминҳои ҳосилхез ва хокаш хокистарранг хубтар нашъунамо мекунад. Ниҳолашро дар заминҳои обӣ аз рӯйи тартиби 6-7 х 4-5 м (ба ҳар га 300—400 бех), дар заминҳои лалмӣ аз рӯйи тартиби 7-8 х 5-6 м мешинонанд. Ба гармои тобистон тоб намеорад, бинобар ин ниҳолашро дар ҷойҳои шамолпаноҳ шинондан беҳтар аст. Дарахташ қисман худгардолуд аст, вале аз гарди навъҳои ноки «Лесная красавица», «Береи Лигел», «Бере Боск» низ хуб гардолуд мешавад. Ҳосилашро дар шароити иқлими водиҳои Вахшу Ҳисор моҳи август меғундоранд. Дар Тоҷикистон аз ҳар бех дарахти Вилямс то 230—300 кг (аз дарахти 16-20-солааш то 94-110 кг) ҳосил мегиранд. Мевааш калони дарозрӯя; вазнаш 150—170 г, пӯсташ тунук, рангаш ҳангоми нав пухтан сабзи кушод, баъди пурра пухта расидан зарди тира (тарафи офтобрасаш андак сурх) мешавад. Мағзи мевааш зарди сафедтоб, хушбӯй ва хуштаъм; 16,6 % моддаҳои хушк, 10,4 % қанд ва 0,33 % ҷавҳар дорад. Меваи нимпухтаашро дар яхдон 4-6 моҳ нигоҳ доштан мумкин аст; дар ҷойи гарм дар 6-7 рӯз мепазад (меваҳои нимхоми Вилямс дар шароити муқаррарӣ баъди 7-12 рӯз пухта мерасанд). Меваи Вилямсро тар мехӯранд, мехушконанд, аз он хушоб ва мураббо тайёр мекунанд. Вилямс бештар аз ширинча ва кайки барг зарар мебинад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Yellow Bartlett(англ.). USA Pears(пайванди дастнорас — таърих) (2008). 9 феврали 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 июли 2007.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вилямс / С. Маҳмадаминов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.