Винтбол

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Винтбол — аппарат, дастгоҳи парвозкунандае, ки дар он қувваи аэродинамикии болобардор тавассути маҷмӯи таҷҳизот (система)-и барандаи иборат аз як ё ду винти баранда ва бол ба вуҷуд меояд.

Винтбол бо ёрии винтҳои баранда ба мисли чархбол ба таври амудӣ парвоз мекунад ва ба замин фуруд меояд, суръаташ ҳам бо ёрии винтҳои баранда ва тавассути ҳаракатоварҳо (бештар винтҳои кашандаю теладиҳандаи ҳавоӣ) меафзояд. Баъди гирифтани суръате, ки ҳангоми он суконҳои аэродинамикӣ босамар амал мекунанд ва то суръати бузургтарин (беш аз 500 км/соат) винтбол ҳамчун тайёраи муқаррарӣ парвоз мекунад. Дар ин маврид винтбол қувваи болобардори болро истифода мебарад, ки мутаносибан ба квадрати суръат меафзояд. Ҳангоми парвоз кардану фуруд омадан системаи идоракунии винтбол ҳамчун чархбол ва ҳангоми парвози пешраванда ҳамчун тайёра ва системаи идоракунии чархбол низ амал мекунад. Дар винтболҳо винтҳои кашанда ва теладиҳанда ё муҳаррикҳои реактивӣ истифода мешаванд. Дар охири солҳои 50 асри 20 аз тарафи ширкати англисии «Фейри» винтбол-и Feirey Rotodyne («Фейри Ротодайн») сохта шуд, ки як винти барандаи ҳаракатовараш реактивӣ ва ду винти кашандаи ҳавоӣ дошт. Массаи парвозии он 17,7 т ва суръаташ то 312 км/соат буд. Соли 1959 дар ИҶШС винтболи нақлиётии Ка-22 (сохти Н. И. Камов) сохта шуд, ки ду винти баранда, ду муҳаррики иқтидори ҳар кадомаш 4300 кВт (5900 қ. а.) ва массаи парвози 37 т дошта, бо суръати то 356 км/соат парвоз мекард. Бо ин винтбол то соли 1964 парвозҳои санҷишӣ доир гардиданд, вале минбаъд истеҳсоли саноатии он қатъ шуд. Дертар дар ширкати амрикоии «Локхид» винтболи санҷишии ХН-51А сохта шуд, ки суръаташ 486 км/соат буд. Соли 1967 дар асоси он дар ширкат винтболи ҳарбии АН-56А «Чайен» истеҳсол гардид, ки бо винти барандаи чорпаррадор, винти теладиҳанда ва ба мисли чархбол бо винти ҷубронкунандаи қафо муҷаҳҳаз шуда буд. Муҳаррики турбовинтии иқтидораш 2500 кВт (3400 қ. а.) имкон медод, ки ин винтбол бо суръати баландтарини 408 км/соат (массаи калонтарини парвозиаш 7,7 м) парвоз кунад. Такмили ояндаи винтболҳо ба он расонд, ки онҳо бо суръати то 600 км/соат ва иқтидори борбардории то 20 т парвоз кунанд. Соли 2010 дар ширкати Eurocopter чархболи маҷмӯии санҷишии Eurocopter Х3 сохта шуд, ки ба винтболҳо мансуб аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]