Винти ҳавоӣ
Винти ҳавоӣ, пропеллер - ҳаракатдиҳандаи паррадор, ки дар он парраҳои аз рӯйи радиус ҷойгиршуда бо ёрии муҳаррик давр зада, тавонои (моменти тобдиҳанда)-и муҳаррикро ба қувваи кашиш табдил медиҳанд.
Винти ҳавоӣ аз гупчак (втулка) ва парраҳо иборат аст. Парраҳои пропеллерро аз чӯб, дюралюмин, пӯлод ва масолеҳи маҷмӯӣ (таркибӣ) месозанд. Парраҳо тоб хӯрда, ҳаворо ба самти ба ҳаракаташон муқобил тела медиҳанд. Дар тарафи пеши винт майдони фишори паст ва дар ақиби он майдони фишори баланд ҳосил мешавад. Тоб хӯрдани парраҳои В. ҳ. боиси самти даврӣ ва радиусӣ гирифтани ҳаҷми муайяни ҳавои телашаванда мегардад (барои ин қисми энергияи винт ба ҳаракатовар сарф мешавад). Дар натиҷа қувваи кашише пайдо мешавад, ки барои ба ҳаракат даровардани мошин зарур аст. В. ҳ. дупаррадор, сепаррадор, чорпаррадор мешавад. Инчунин винтҳои ҳаммеҳвар мавҷуданд, ки ба самтҳои ба ҳам муқобил тоб мехӯранд ва дар натиҷа барои ба ҳаракат даровардани фаввораи ҳавои телашаванда иқтидори (қувваи) кам сарф мекунанд. Вобаста ба тағйир ёфтани тоби парраҳо пропеллерҳои тобашон тағйирнаёбанда, тағйирёбанда, вобаста ба тарзи истифода кашанда ва теладиҳанда, вобаста ба суръати ҷараёни ҳаво таҳтуссадоӣ, наздикисадоӣ, фавқуссадоӣ, инчунин флюгерӣ, реверсивӣ, ҳаракатоварашон электрикӣ, аэродинамикӣ ва ғ. мавҷуданд. В. ҳ. ҳамчун дастгоҳи ҳаракатовар дар тайёраҳо, автожирҳо, сикложирҳо (сиклокоптерҳо), чархболҳои муҳаррикашон поршению турбовинтӣ, инчунин дар экранопланҳо, аэрочанаҳо, аэроглиссерҳо ва киштиҳои ҳавоболин истифода мешавад. Дар автожиру чархбол В. ҳ. ҳамчун винти баранда (ҳомил) ва дар чархболҳо боз ба сифати суккон (рул) корбаст мегардад. Сохти содатарини В. ҳ.-ро бори аввал соли 1475 Леонардо да Винчи пешниҳод кард, М. В. Ломоносов онро барои ба вуҷуд овардани кашиш дар тимсоли асбоб барои таҳқиқоти метеорологӣ истифода намудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Винти ҳавоӣ // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.