Вира
Зоҳир
Вира, вера — дар Руси Қадим навъи ҷаримаи пулӣ, ки барои қатли шахси озод ба нафъи княз пардохт мешуд. В. марҳалаи аввали аз байн рафтани қасоси хунӣ ба шумор меравад. Ҳаҷми В. ба мавқеи иҷтимоии шахси мақтул вобаста буд: барои қатли шахси озод 40 гривен ва барои куштори намояндаи ҳокимият 80 гривен муқаррар шуда буд. Ҳангоми пайдо накардани шахсияти қотил ҷамоае, ки дар ҳудуди он ҷиноят содир ва ё олоти ҷиноят ёфт мешуд, уҳдадор буд гунаҳгорро ёбад ва ҷаримаи муқарраршударо пардохт намояд. Назири В. дар фиқҳи исломӣ дия ё хунбаҳо аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вира // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.