Вираж
Зоҳир
Вираж (фр. Virage), аз фаронс.virer — гардиш хӯрдан, иваз кардани ранг):
- Вираж — ҳамгашти сахти роҳ, трек, автодром ва ғ., ки дорои тамоюли арзии пӯшишҳои роҳ мебошад;
- Вираж — дар ҳавонавардӣ (авиатсия) шакли пилотажи сода, ки ҳангоми иҷрои он дастгоҳи парвозкунанда дар вақти ҳаракати пешраванда дар ҳамвории уфуқӣ ба 360° тоб мехӯрад. Қисми В., ки ҳадафи он тағйир додани самти ҳаракат ба кунҷи аз 360° хурдтар мебошад, табдили ҳаракат номида мешавад. В.-и суръат ва кунҷи тамоюлаш доимӣ В.-и собит, В.-и собит бе лағзиш В.-и дуруст номида мешавад. Вақти иҷрои В. ва радиуси он тавсифоти асосии имконоти маневрнокии тайёра дар ҳамвории уфуқӣ мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вираж // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
Феҳристи маъноҳои калима ё ибора бо пайвандҳо ба мақолаҳои дахлдор. Агар шумо ба инҷо аз матни мақолаи дигари Википедия равона шудед, лутфан, баргардед ва пайвандро дақиқ созед, то вай пайванди лозимаро нишон диҳад. |