Jump to content

Виргатсия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Виргатсия (аз лот. virgatio — ба шохаҳо тақсимшавӣ) — ба шохаҳо тақсимшавии силсилакӯҳҳо. 1. Дар илми тектоника ба шохаҳо ҷудошавии маҷмӯи (банди) чинҳо ё ҷудошавии чини алоҳида. В. дар натиҷаи фурӯравии минтақаҳои чиндор ё дар марҳалаи анҷомёбии чинхӯрдашавӣ пайдо мешавад. Истилоҳро ба ин мазмун заминшиноси австриягӣ Э. Зюсс (1831—1914) соли 1885 пешниҳод кардааст. 2. Дар илми геоморфология — дар як самт ба шохаҳо тақсимшавии қ-кӯҳҳо, масалан, ба самти ғарб ба шохаҳо тақсимшавии қ-кӯҳи Олой.