Вирусемия
Зоҳир
Вирусемия (аз вирусҳо ва юн. haima — хун) - дар хун дар ҳаракат будани вирусҳо. Вирусемия дар натиҷаи дар ҳуҷайраҳои аъзои дохилӣ афзудан ва аз ҳуҷайраҳо ба хун гузаштани вирусҳо падид меояд. Зимни бисёр бемориҳои вирусӣ вирусемия ҳолати муқаррарӣ аст. Вирусемия ҳангоми гепатити В, бемориҳое, ки ҳашароти хунмак интиқол медиҳанд, масалан, энсефалитҳо, табларзаи хунрез, вараҷаи зард ва ғ. ба мушоҳида мерасад. Он мумкин аст ҳангоми грипп, бемориҳои вирусии роҳи нафас ва ҳорӣ (девонагӣ) низ рух намояд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вирусемия // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.