Jump to content

Вирусҳои мобилӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Вирусҳои мобилӣ — бадафзорҳои хурде, ки кори телефонҳои мобилӣ, смартфонҳо, коммуникаторҳоро тавассути SMS ва Интернет халалдор мекунанд. Вирусҳои мобилӣ додаҳоро қайд мекунанд, коҳиш медиҳанд, қисман ё тамоман маҳв менамоянд.

Нахустин вирусҳои мобилӣ хеле сода буда, соли 2000 пайдо шудаанд. Онҳо аз иттилоот иборат буда, ба воситаи SMS интиқол меёфтанд. Иттилооти ирсолгардида махзани хотираро ишғол намуда, ҳангоми хориҷ кардан кори телефонро қатъ менамуд. Бештар телефонҳои ширкатҳои Siemens ва Nokia ба ҳуҷуми вирусҳо гирифтор мешуданд. Ҳар қадар телефон амалҳои зиёдро иҷро намояд, ҳамон қадар он ба вирусҳои мобилӣ ҳассостар аст. Ҳар гуна амри корандозӣ ва имкони таҳияи барнома ва замимаҳо барои телефонҳои мобилӣ воситаи ба вуҷуд овардани вирусҳо мешавад. Заминаи нисбатан дурнамои таҳияи вирусҳо Java 2МЕ мебошад, зеро он заминаи аксари телефонҳоро ташкил медиҳад. Ҳадафи асосии таҳияи вирусҳои мобилӣ ҳамчун вирусҳои компютерӣ ба даст овардани итилооти шахсӣ буда, онро фурӯхтан ё бо мақсадҳои дигар истифода бурдан мумкин аст. Вирусҳои мобилиро аз рӯйи тарҳҳо ва самтҳои гуногун такмил медиҳанд: дуздии иттилооти шахсӣ (иттилооти шахсии соҳиби телефон — маълумоти интернетӣ, суроғаҳои шиносу хешон бо мақсадҳои гуногун дуздида, SMS-ҳо тағйир дода ё иваз карда мешаванд), бе огоҳии соҳиби телефон ба дигарон занг зада шуда, SMS-ҳо ирсол мегарданд, иттилооти бонкӣ истифода мешавад. Вирусҳои мобилӣ (рамзи зарарнок) ба афзори мобилӣ бе огоҳии соҳиби он ворид шуда метавонад. Дар ҳолати бо вирусҳои мобилӣ «олудашавӣ» антивируси мобилиро истифода кардан зарур аст. Ҳоло ширкатҳои антивирус барои муҳофизати телефонҳои мобилӣ, аз ҷумла Symantec Client Security, барои смартфонҳои Nokia, Kaspersky Security барои PDA, Kaspersky Anti-Virus, барои Symbian OS, KAV Vobile, WinMobile ғ. барномаҳои махсусро истеҳсол мекунанд.