Вис

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Вис (форсӣ: ویس‎) — вожае, ки дар забони авестоӣ, форсии қадим (катибаи кӯҳи Бесутун) ва форсии миёна — деҳа, дар навиштаҳои авестоӣ — ашира, қабила, хона, хонавода, хонадонро ифода мекунад.

Дар ибтидо вис хонаводаҳои калони падарсолориро мегуфтанд. Бо муттаҳид шудани хонаводаҳо вис ҳамчун мафҳуми ифодакунандаи қабила, ашира аз байн рафта, истифодаи он ба маънои деҳа маъмул гардид. Аз калимаи вис дар забонҳои қадими эронӣ мафҳумҳои дигаре сохта шудаанд: масалан, дар Авесто аз вис ва «пати» мафҳуми «Виспати» сохта шудааст, ки дар ибтидо ба маънои сардори хонадон, хонавода истифода мешуд, вале баъдан ба маънои сардори деҳа, деҳхудо маъмул гардид. Калимаи «Виспати» дар забони қадими ҳиндӣ — санскрит ба шакли «Висбадон» ба ҳамон маъно калимаи авестоӣ — сардори деҳа, деҳхудо мутобиқ аст. «Виспуҳр» аз решаи вис пайдо шуда, ҷузъи дуюми он «пуҳр» — «писар», «зода» мебошад. Дар замони Сосониён шоҳзодагонро «Виспуҳр» — зодагони деҳ, писарони сарварони деҳ меномиданд. Ин на ба маънои фарқ кардан аз шаҳриён буд, зеро дар ҷомеаи феодалӣ заминдорон ҳамчун ашрофи замон дар деҳот мезистанд ва маҷмӯи деҳотро, ки дар Авесто онҳоро «шоитра» меномиданд, сарварӣ мекарданд.

Вожаи вис чун ифодакунандаи деҳ дар забони имрӯзаи форсии тоҷикӣ фаровон вомехӯрад. Ба қавли Деҳхудо дар Эрон деҳоти бисёре бо номи Вис вуҷуд доранд. Дар Тоҷикистон низ мавҷудияти деҳаҳо бо номи Висхарв, Вистон, Вишав, Вишхарв, Вишхарвак нишонае аз мафҳуми виси бостонианд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]