Jump to content

Виски

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Виски (англ. whisky, аз гаэлии uisge beatha — оби ҳаёт) — як навъ нӯшокӣ, ки дар таркибаш 40-50 % спирт дорад.

Асосан дар Англия ва Амрико маъмул аст. Виски гуногун мешавад, вискии ҷав, вискии гандум, вискии сулӣ, вискии ҷавдор, вискии омехта, бурбон (вискии ҷуворимакка). Вискиро бори нахуст дар дайрҳои Шотландия истеҳсол карда, бештар чун дору кор мефармуданд. Асрҳои 16-17 истеҳсоли виски хеле ривоҷ ёфт. Ҳоло бисёр давлатҳо виски истеҳсол мекунанд ва он бо номи ҳамон кишвар машҳур аст. (вискии шотландӣ, вискии ирландӣ, вискии амрикоӣ, вискии канадавӣ, вискии ҷопонӣ). Виски ифтихори миллии шотландиҳост. Он бо роҳи буғронии хамираи турш ҳосил карда мешавад. Вискии пухтарасидаро бо оби муқаттару спирти тоза, баъзан бо шароб, ҷавҳари моддаҳои хушбӯй ва ғ. меомезанд.